Покии соҳили дарёҳои Ғунду Роштқалъа гарави саломатии сокинони поёноби дарёи Панҷ мебошад

Апрель 27, 2019 09:42

ХОРУҒ, 27.04.2019  /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи ризокорони шаҳри Хоруғ  давоми як моҳи охир дар роҳандозии амалиёти «Соҳили пок» партовҳоро аз соҳили дарёҳои Ғунду Роштқалъа ҷамъ оварда, бо баргузории як барномаи зеҳнию экологии намунае  аз партовҳоро дар маърази умум гузоштанд.

Яке аз  ризокорон Мижгона Қурбонмаҳмадова  иброз дошт, ки  «аксарияти ин партовҳо, ки аз соҳили дарёҳо ҷамъоварӣ шудаанд, марбут  ба маводҳои зарарноки пластикӣ мебошанд. Олимон баъди омӯзиши таркиби маводҳои пластикӣ аз ҳамаи корхонаҳо даъват мекунанд, ки аз ҳама гуна қуттию бастаҳои пластикӣ барои интиқоли обу ғизо худдорӣ варзанд. Алъон аксари давлатҳои пешрафта бештар аз қуттиҳои аз маҳсулоти табиӣ тавлидшуда баҳра мебаранд. Дар ин намоишгоҳ мо намунаҳое аз маводҳои пластикиро, ки аз соҳили дарё ҷамъ овардем, ба намоиш гузоштем ва дар бораи таъсири манфиашон ба табиату инсон, ба олами набототу ҳайвонот маълумоти муфассал пешниҳод кардем. Ҳамчунин чанд намуди дастурамалҳоро дар шакли варақа ба иштирокдорони ин барномаи зеҳнию экологӣ тақдим намудем».

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ гуфт, ки бо баргузор кардани чунин маҳфилҳои маърифатӣ теъдоди нафароне, ки партову ахлотро дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва соҳили дарёҳо мепартоянд, бамаротиб коҳиш меёбад. Мо дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дорем ва барои поку тоза  нигоҳ доштани ин об мо аз дигарон масъулияти бештарро бар дӯш дорем. Зеро қад — қади соҳили дарёҳои Панҷу Ому  зиёда аз 5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва дар шаклҳои гуногун аз он истифода мебаранд. Яке онро менӯшад, дигаре оббозӣ мекунад ва саввумӣ заминашро об медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо ризокорон кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тасмим гирифтанд, ки чунин барномаҳои экологиро дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷу Дарвоз низ баргузор намоянд.

Апрель 27, 2019 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст