САБЗАВОТИ ТАРУ ТОЗА — ДАР ЧАҲОР ФАСЛИ СОЛ! Агентии иттилоотии «Синхуа» — дар бораи аввалин лоиҳаи ҳамкории Чин ва Тоҷикистон дар самти гармхонадорӣ

Апрель 22, 2019 11:36

ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан дар масофаи 70 км дуртар аз пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, дар вилояти Хатлон лоиҳаи бузурги Чин ва Тоҷикистон оид ба парвариши сабзавот дар шароити гармхонаҳо воқеъ мебошад. Майдони умумии лоиҳаи мазкур дар фасли зимистон 50 гектарро ташкил дода, он зиёда аз 200 гармхонаро дар бар мегирад. Лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон корхонаи беназир буда, намунаи воқеии ҳамкорӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» мебошад. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин менависад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  тазаккур медиҳад, ин лоиҳа собит менамояд, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон дар гармхонаҳо метавон дар тӯли тамоми сол ҳосил ва даромад ба даст овард. Деҳқонон дар парвариши помидор, қулфинайи боғӣ ва гулҳои ороишӣ соҳибкасб гардидаанд. Сабзавоти ботароват ва баландсифат дар ҳар лаҳзаи сол калиди ғизои дуруст ва солимии аҳолии кишвар мебошад.

Танаввӯи зироати парваришшаванда, нигоҳдории киштгардони дуруст дар гармхонаҳо, омӯхтани талаботи бозор ва банақшагирии муҳлатҳои пухта расидани маҳсулот ба соҳибкорони тоҷик ва чинӣ муваффақият меоранд.

Тавре АМИТ «Ховар» зикр менамояд, гап дар бораи гармхонаҳое меравад, ки аз ҷониби мутахассисони ширкати чинии «Ҷинян Инхай» дар ноҳияи Ёвон бунёд шуда, дар онҳо помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон ва дигар намуди сабзавот парвариш мешаванд. Ҳар як гармхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ҳанӯз дар оғози фаъолияти ин гармхонаҳо, моҳи ноябри соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо дидан намуданд. Он вақт ба Сарвари давлат давлат иттилоъ дода шуд, ки   аз ҳар як гармхона, ки дар онҳо помидору бодиринг парвариш карда мешаванд, 10 тонна маҳсулот гирифтан мумкин аст. Мақсад аз сохтмони ин гармхонаҳо таъмини пурраи талаботи бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар фасли зимистон, авалли баҳор, инчунин ба роҳ мондани содироти сабзавот ба хориҷи мамлакат  мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин коргоҳҳо барои бастабандии маҳсулот ва сардхонаҳо барои нигаҳдории сабзавот сохта шудаанд.

Дар ин ҷо тақрибан 200 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудаанд, ки 85 дарсади онҳоро  шаҳрвандони Тоҷикистон  ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин хоҷагиҳо ба соҳибкорон супориш дода буданд, ки барои коргарон ҷиҳати пурра риоя кардани талаботи санитарию гигиенӣ ва меъёрҳои қонунгузории кишвар тамоми шароити заруриро фароҳам оранд.

Аксҳои АИ «Синхуа»/ Бай Сюэтси

Апрель 22, 2019 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд