Сафири Амрико аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм бо мақсади шиносоӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо муовини аввали раиси Бонк Ҷамолидин Нуралиев мулоқот анҷом дод.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҷамолиддин Нуралиев ба Сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм оид ба вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, низоми бонкӣ ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Ҷ.Нуралиев масъалаи барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, рушди бозори суғурта дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва дастрасии молиявӣ ба аҳолиро, ки бо Департаменти хазинадории ИМА муҳокима мешавад, бори дигар мавриди таваҷҷуҳи сафири ИМА қарор дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории мутақобилаи судманд дар рушди иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии кишвар ҳарф зада, дар хусуси лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили «САSA – 1000» ва саҳми ИМА дар татбиқи минбаъдаи он, лоиҳаи НБО «Роғун» ва аҳамияти минтақавии он табодули назар карданд.
Сафири Амрико Ҷон Марк Поммершейм барои тақвияти ҳамкории судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷонибдори суботи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Дипломати амрикоӣ бо боварӣ иброз дошт, ки ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва Сафорати ИМА барои ҳамкорӣ дар самти масоили иқтисодӣ омодагии хешро баён медорад.
Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таваҷҷуҳи Амрико ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, махсусан Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон арзи сипос намуд.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






