Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти татбиқи лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дидан кард

Апрель 24, 2019 16:44

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти татбиқи лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Душанбе—Бохтар дидан карда, дар ноҳияи Хуросон як зумра  иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар айни замон дар ду марҳила идома дорад.Марҳилаи аввал 33,2 километр ва марҳилаи дуюм бошад 39,6 километрро дар бар гирифта, баъди татбиқи лоиҳа, роҳ аз категорияи «III»-юм ба категорияи «1-Б» гузаронида мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Мутаасифона дар татбиқи лоиҳаи сохтмону навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба сохтмончиён муйясар нагардидааст, ки нақшаи пешбинишударо иҷро кунанд.

Дар робита ба ин, Сарвазири мамлакат аз масъулин талаб намуданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин иншооти муҳим тезонанд. Зеро бо идома ёфтани чунин ҳолат наметавон шоҳроҳи мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сутунпояи Парчам, Нишони давлатӣ ва бинои Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд6.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 метр буда,  он  паҳноӣ 7 метр паҳноӣ  ва 14 метр дарозӣ дорад.

Баландии нишони давлатӣ  24 метрро ташкил медиҳад.

Гирду атрофи рамзҳои давлатӣ ободу зебо  гардонида шуда, ба як макони зебову замонавӣ барои сайру гашт  ва фароғати сокинону меҳмонони ноҳияи Хуросон табдил ёфтааст.

Рамзҳои  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид.

Фармоишгари бинои маъмурии Маркази адлия  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он  ҶДММ «Хатлон»  мебошад.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он барои фаъолияти  кормандон шароити замонавӣ  фароҳам оварда шудааст.

Пас аз ба истифода супоридани бинои маъмурии Маркази адлия ба чанд ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба тифлакони хуштолеъ шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.

Сарвазири мамлакат  таъкид намуданд, ки кормандони соҳа вазифадоранд, ки  бо истифода аз шароити муосир барои мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хизмат расонанд.

Вусъат ёфтани раванди созандагиҳо ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногун дар асоси дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Апрель 24, 2019 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд