Сумангул Тағойзода дар иҷлосияи 30-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Апрель 10, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 10.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то  5 апрели соли 2019 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи маърӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар иҷлосияи 30-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори он маърӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо нисбат ба дуюмин маърӯзаи марҳилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо шунида шуда,  ба саволҳои аъзои Кумитаи СММ ҷавобҳо  пешниҳод гардиданд.

Зимни  ин маърӯза  зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда доранд, диққати махсус дода, оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ  дар ин самт  Нақшаи миллии амалҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст. 2  майи соли 2017 оид ба натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Кумитаи СММ дуюмин маърӯзаи марҳилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол  гардид.

Мавриди зикр аст, ки 16 апрели соли 2012 дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо якумин маърӯзаи марҳилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи  мазкур шунида шуда буд.

Апрель 10, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд