«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН-2019». Ғолибон мукофотонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2019», ки ҷамъбаст гардид, дипломҳо ва ҳайкалчаҳои озмун тақдим карда мешаванд. Озмуни мазкур дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2019», ки аз ҷониби агентии рекламавии «Тайрон» ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки озмун маротибаи 6-ум дар Тоҷикистон баргузор шуда, дар ин давра дар он зиёда аз 150 корхонаву ширкатҳои ватанӣ иштирок намудаанд. Соли равон дар ин озмун беш аз 30 корхонаву ширкатҳои хурду бузург аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар соҳаҳои истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзиданд. Истеъмолкунандагон аз рӯи 25 номинатсия ба тамғаи писандидаи худ овоз доданд. Тақрибан 30 ҳазор нафар тамғаи писандидаи худро дастгирӣ карданд.
Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар кишвар ва берун аз он мебошад.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳа 1, 2, 3 ва 4 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳо, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои саноатии кишвар иштирок менамоянд.
Дар намоишгоҳ доираи васеи маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хонагӣ ба маъраз гузошта мешаванд. Меҳмонон имкон доранд, ки дар баробари шиносоӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулот, ҳамчунин бо нархи арзон онҳоро харидорӣ намоянд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






