Татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 31 миллиард сомонӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии молиявии шарикони рушд айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи умумии 31,9 миллиард сомонӣ ё муодил ба 3,38 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.
Ин нукта дар ҷаласае, ки таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар Душанбе доир гардид, баён дошта шуд. Дар он роҳбарони вазорату идораҳо, агентиҳои иҷроия ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,6 миллард сомонӣ, маблағҳои грантӣ 13,8 миллиард сомонӣ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,37 миллиард сомонӣ ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) 162,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Манбаи маблағгузории маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои Бонки Осиёгии Рушд 889,6 миллион $, Бонки ҷаҳонӣ 579,8 миллион $, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 506,4 миллион $, Ҷумҳурии Мардумии Чин 479,4 миллион $, Бонки Исломии Рушд 149,4 миллион $, Бонки аврупоии сармоягузорӣ 89,1 миллион $, Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 87,5 милион $, Фонди саудии рушд 85 миллион $ ва Бонки германии рушд 70,9 миллион $ асос ёфтаанд.
Гуфта шуд, ки дар зарфи се моҳи аввали соли равон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда 669,9 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 96 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Ҳамзамон дар ҷаласа роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунанда доир ба ҷараёни татбиқ ва азхудкунии воситаҳои молиявии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ, мушкилот ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳалли онҳо гузориш доданд.
Дар анҷом ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва вазорату идораҳои марбута аз ҷониби муовини аввали Сарвазири мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуд.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






