Таваҷҷуҳи сайёҳони Россия ба Тоҷикистон бештар мегардад
ДУШАНБЕ, 16.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Федератсияи Россия — шаҳри Москва дар ҳошияи Конфронси 7-уми ҳамкории минтақавии Россия ва Тоҷикистон, ки дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия аз 16 то 17 апрел доир мегардад, ҳамоиши махсус дар самти сайёҳии ҷавонон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анна Александрова бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия бо пешниҳодҳои мухталиф дар самти рушди сайёҳӣ, лоиҳаҳои гуногун вобаста ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди ҳамкории дуҷониба суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълн гардида, дар соли 2018 беш аз 1 миллион сайёҳон аз Тоҷикистон дидан намуданд.
Ҳайати намояндагии ҷонибҳо бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои ҷолиб дар ин самт иброзӣ назар намуда, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти сайёҳии кишварҳо ба мувофиқа расиданд.
Мавриди зикр аст, ки Федератсияи Россия дар қатори кишварҳои даҳгона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар соли 2018 аз Федератсияи Россия 157910 сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 24500 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, аз ҷумла «Интурмаркет» ва «МИТТ» ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии кишвар ба бозори сайёҳии Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод мегардад.








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






