«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!». Таҳти ин унвон миёни донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, озмун эълон гардид

Апрель 11, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 11.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз  кишвар таҳсили илм доранд, таҳти унвони «Тоҷикистон- Ватани азизи ман!» озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода хабар дод.

Озмуни мазкур   дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда,  мақсади он  муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, дастоварду музаффариятҳо ва талқини худшиносиву худогоҳии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта  мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ,  мақолаҳои дар озмун пешниҳодшуда бояд  фарогири дастоварду пешравиҳои соҳаҳои гуногуни замони соҳибистиқлолии кишвар,  тасвири манзараҳои дилрабои Тоҷикистон,  ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва ифтихор аз обу хоки Тоҷикистон бошанд.

Қабули мақолаҳо то 15 июли соли 2019 муайян шудааст. Мақолаҳои пешниҳоднамудаи довталабон  набояд  аз 4 саҳифа  камтар бошанд.

Ғолибони озмун дар доираи баргузории Анҷумани маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», ки ҳамасола 12 август доир мегардад, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  карда мешаванд.

Апрель 11, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст