25 май-Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда. Барои волидон гум кардани кӯдак фоҷиаи ҷонгудоз аст

Май 25, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ«Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 25 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда таҷлил мегардад.  Ҳадаф аз таҷлили он ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ин мушкили доғи рӯз  мебошад. Хабарнигори АМИТ «Ховар»  ин мавзӯро шарҳ медиҳад.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, давоми 4 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 119 нафар ноболиғон гум гаштаанд. Ҳамаи  ноболиғони  гумшуда, яъне 119 нафар  дарёфт ва ба оилаҳояшон супорида шуданд. Бояд илова кард, ки ин  рақам дар 4 моҳи соли сипаригашта 142 нафарро ташкил медод, яъне имсол ин нишондод дар муқоиса  ба ҳамин давраи соли гузашта  23 нафар кам гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори дигар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то пеши роҳи ин омил –гумшавии кӯдаконро  бигирад. Маҳз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мисоли хубест дар роҳи пешгирии ин мушкилоти мубрам ва доғи рўз. Қонуни мазкур ҳамчун қонуни миллӣ аллакай нақши хоси худро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ гузошт, зеро он дар баробари санади меъёрии ҳуқуқӣ будан, инчунин як модел ва ё маданияти миллии тарбиявиест, ки хоси мамлакати тамаддунофар ва башардӯст — Тоҷикистон аст.

Бояд гуфт, ки тарбияи комили насли ҷавон дар ҷомеаи муосир- ин кафолати амният ва саҳми муносиб дар рушду нумӯи на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар мамлакатҳои минтақа, инчунин дар дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта шуда, шоёни таҳсин гардид. Зимнан, барои кишварҳои дар ҳолати низоъҳои дохилӣ – ҷанги шаҳрвандӣ буда, ба мисли Афғонистон ва Сурия истифодаи ин таҷриба бисёр муфид арзёбӣ мегардад. Мутаассифона, дар ин қабил кишварҳо миллионҳо кӯдакон дар рӯҳияи носолим тарбия ёфта истодаанд ва албатта, ин раванд наметавонад ба дигар кишварҳо бетаъсир монад.

Қонун аслан ҳадафи дарозамал дорад, яъне он санаде мебошад, ки дурнамои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии соҳа ва ё муносибатҳои муайянро фаро мегирад. Дар баробари ин чанде аз вазифаҳо ва ё ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки аллакай натиҷаҳои босамар ба бор овардаанд, метавон иброз намуд.

Нуқтаи басо муҳим баланд гардидани масъулияти падару модар ва дар умум аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд  маҳсуб мешавад, ки то андозае ин вазифа ба маҷрои худ ворид шуда, ин раванд идома дорад.

Рафтору кирдори номатлуби наврасон, ба монанди гаштугузори шабона, бекоргардӣ, истеъмоли маводи мадҳушкунанда, машғул гардидан ба бозиҳои компютерӣ ва ғайра, ки волидонро ба ташвиш оварда буданд, баъди қабули ин қонун ба андозаи чашмрас ба самти дуруст баргардонида шуда,  ин тадбирҳо идома доранд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии  он пешгирӣ ва назорати ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайне мебошад, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд хунукназарӣ зоҳир карда, дар бештари ҳолатҳо боиси аз хона баромада, бедарак шудани  онҳо мегарданд.

Сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти мазкур Файзиддин Назарзода  иброз дошт, ки «сабабҳои  асосии гум гаштани ноболиғон аслан аз бемасъулиятии волидайн сар мезананд. Кӯдаконе, ки аз хонаҳояшон баромада, ғайб мезананд, бештари онҳо аз оилаҳои ба истилоҳ носолим мебошанд. Аз ҷумла, аз оилаҳое, ки падар ё модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ё мудом байни волидон хархашаву низоҳои оилавӣ сар мезанад. Дар ин ҳолат бисёр кӯдакон дар зери тарбияи хешовандони наздик, амак ё бобову бибияшон мебошанд, ки дар натиҷа аз беназоратии онҳо истифода бурда, баромада мераванд». «Бештари онҳое, ки бедарак аз хона баромада мераванд, аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳастанд. Ҳангоми ҷустуҷӯ мо онҳоро дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе дарёфт мекунем. Ҳангоми пурсиш бештари онҳо камбудии маблағро пеш оварда, сабаби асосиро дар кор кардану ба даст овардани маблағ барои хароҷоти худ медонанд, ки аз ҷониби нафарони сарпарасташон таъмин намешаванд»-афзуд Ф.Назаров.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо,   ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо дар 4 моҳи аввали соли равон нисбат ба зиёда аз 7448 нафар падару модарон дар ҳудуди ҷумҳурӣ санадҳои маъмурӣ, бо моддаи 90 барои вайрон намудани талаботи қонуни мазкур тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳо ирсол  шудаанд. Аз ин шумора 3706 нафарашон барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон нисбат ба  таълиму тарбияи фарзанд ҷарима  ва  1326 нафарашон огоҳонида  шудаанд. Инчунин   2416 мавод барои баррасӣ дар судҳо қарор доранд.

«Танҳо дар  4 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 2188 маротиба амалиёт гузаронида шудааст. Ин амалиёт бо номи шартии «Наврас, оворагард ва талбанда» доир мешавад. Дар натиҷа 6 ҳазору 696 нафар ноболиғон барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун, аз ҷумла, оворагардӣ, талбандагӣ  ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда, бо падару модарони онҳо суҳбатҳо гузаронида шудаанд. Маълум мегардад, ки баъзе аз онҳо ҳатто 2-3 маротиба ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо даст задаанд. Ҳолатҳое ҳастанд,  вақте мо муроҷиати падару модарро оид ба бедарак шудани ноболиғ қабул ва кормандони зерсохторҳоямонро сафарбар мекунем, маълум мешавад, ки онҳо аллакай барои оворагардӣ ё талбандагӣ ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд»,-таъкид кард  Ф.Назаров.

Бояд гуфт, ки  ёдоварӣ аз Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда моро ҳушдор медиҳад, ки фарзандонамонро пайваста назорат кунем. Бо киҳо дӯстӣ доштанашонро донему бо мактабу муаллимон дар алоқаи доимӣ бошем, то фарзандони мо чун насли сазовору ояндасоз ба воя расанд ва ҳамеша ба нафъи Ватану миллат хизмат кунанд.

Барои волидон гум кардани кӯдак фоҷиаи ношуниданӣ ва боварнокарданиву ҷонгудоз аст.

Ёдовар мешавем, ки таҷлили ин   Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарчашма мегирад. Дар ин рӯзи соли 1979  мактаббачаи 6-солаи америкоӣ Эвиан Пейтс дар роҳ ба сӯйи хона гум мешавад. Ин ҳодиса дар саросари ҷаҳон акси садоҳои зиёд ба бор оварда, кулли мардуми олам онро ҳамвора пайгирӣ менамуданд. Мутаассифона, тамоми корҳои ҷустуҷӯӣ дар роҳи дарёфти ин писарбача бенатиҷа анҷом ёфт. Баъд аз сипарӣ гаштани 4 сол аз ин ҳодиса президенти ҳамонвақтаи ИМА Роналд Рейган санаи 25 майро Рӯзи миллии кӯдакони гумшуда эълон намуд. Пас аз як сол Маркази миллии кӯдакони гумшуда ва мавриди истисмор қароргирифта таъсис гардид. Ин иқдомро якчанд кишвари аврупоӣ ҷонибдорӣ намуда, соли 1997 Ташкилоти байналхалқии ҷустуҷӯйи кӯдакони гумшуда ва мавриди истисмор қароргирифта таъсис дода шуд. Маҳз бо ташаббуси ин Ташкилот Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда эълон гардид.

Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи гумшудаҳо дар ҷаҳон ба беш аз миллион нафар мерасад ва сол то сол ин шумора рӯ ба афзоиш аст. Ба иттилои Созмони байналхалқии ҳуқуқӣ, ба ҳисоби миёна дар Аврупо ҳамасола 70 ҳазор ноболиғ, дар Россия-55 ҳазор, дар ИМА-800 ҳазор нафар беному нишон мегарданд, ки ин теъдод танҳо тибқи маълуоти расмӣ аст. Агар ба маълумоти ғайрирасмӣ  назар кунем, ин теъдод даҳҳо маротиба бештар аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки шумораи бештари кӯдакони гумшуда бо хоҳиши худ аз хона, аз пеши волидайн мегурезанд. Коршиносон сабабҳои асосии ба ин амал даст задани ноболиғонро аз  назорат накардани волидайн, ҷангу низоҳои дуру дарози   байни  калонсолон, нофаҳмӣ ва хашм дар оила, майлу хоҳиши озод будан ва ҳама чизро «таҷриба» кардани онҳо медонанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 25, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад