ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони деҳаҳои Гулободу Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Май 1, 2019 14:49

РӮДАКӢ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Раванди ин қабил корҳои ободкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ низ баръало эҳсос мегардад.  Ба ифтихори ин ҷашни миллӣ зиёда аз ҳазор нафар сокинони деҳаҳои Гулободу Шарафи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Тавре муовини раиси ҷамоат Шариф Калонов иттилоъ дод, сокинони деҳаҳои Гулободу Шараф солҳо инҷониб ба мушкилии нарасидани оби тозаи нӯшокӣ гирифтор буданд. Хушбахтона, соҳибкорони маҳаллӣ ду адад чоҳи амудӣ бо чуқурии 60-70 метр канданд, ки оби он аз ҷиҳати экологӣ тозаю гуворо буд.

Сокинону соҳибкорони ҷамоати деҳоти Зайнабобод то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 20 иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявиро ба истифода медиҳанд. Баистифодадиҳии ду нуқтаи оби нӯшокӣ аз ҳамин ҷумла аст. Ҳамчунин дар ноҳдоираи ободу хуррам гардонидани маҳаллаҳо то имрӯз 2000 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Май 1, 2019 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад