«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» беҳтаринҳоро муайян мекунад

Май 16, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Аз 20 то 25 майи соли равон  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт «Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор  мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба баргузории   форуми   мазкур тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ҷалб намудан, инчунин ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон роҳандозӣ мешавад.

Хотирасон мешавем, ки ин форум соли ҳаштум аст дар пойтахт гузаронда мешавад ва дар ин муддат ҷавонони тамоми ҷумҳуриро фаро мегирад. Мақсади озмун пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон ва наврасони болаёқати ҷумҳурӣ мебошад. Дар кори он олимони ҷавон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо лоиҳаҳои илмии худ иштирок менамоянд.

Давоми ҳафта ҷавонон барномаву ихтирооти худро дар мактабу коллеҷҳои техникии шаҳри Душанбе ба намоиш мегузоранд.

Зиёд шудани лоиҳаҳои илмӣ ва шумораи ширкаткунандагон шаҳодат аз он медиҳад, ки сол ба сол шавқу рағбати ҷавонону наврасони мо нисбат ба фанҳои дақиқ бештар мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсати маориф ва Мактаби рушди истеъдодҳои шаҳр қадрдонӣ мегарданд.

Май 16, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд