Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ иштирок кард

Май 3, 2019 14:03

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 майи соли 2019 дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 11-умин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин  бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳо ва саҳми босазои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар дар ин самт ибрози ақида карда, ҳозиронро ҷиҳати ширкат дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Эъломияи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешмоддаҳои он, пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар ва психотропӣ қабул гардид.

Май 3, 2019 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд