БА ПУРХӮРӢ ВА АЗ МЕЪЁР ЗИЁД ПУР КАРДАНИ МЕЪДА РОҲ НАДИҲЕД! Тавсияи мутахассиси тиб дар моҳи шарифи Рамазон

Май 8, 2019 17:05

ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  6 майи соли равон дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз гардид.   Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд. 

Имсол низ моҳи Рамазон   ба фасли гармо рост омадааст. Дар ин рӯзҳо ҳар яки моро мебояд, ки саломатии худро эҳтиёт намоем.  Зеро дар фасли гармо ҳамаи бемориҳо метавонанд хуруҷ карда,  вазъи  саломатии шахсро  бадтар созанд.  Шахсе ки ба саломатии худ боварии комил надорад, набояд таваккалӣ рӯза гирифта, саломатии худро зери хатар гузорад.

Дар ин бора  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин зикр намуданд:    « Дар фиқҳи ҳанафӣ барои мусулмонон, аз ҷумла ба занони ҳомила ва кӯдаки ширхӯрдошта, мусофирон, беморон ва барҷомондагон сабукиҳо муқаррар шудаанд».

Ҳамчунин Пешвои миллат зикр намудаанд, ки «шахсоне, ки ба корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд, дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд ё ҳатто саломатии онҳо зарар мебинад.

Агар ризқу рӯзии бо заҳмат парваришкардаи марди деҳқон дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, чунин амал сабаби ба мушкилоту сахтӣ рӯ ба рӯ шудани рӯзгори мардум, яъне қимат шудани маҳсулот ва ҳатто гуруснагӣ мегардад. Чунонки дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст. Гурӯҳҳои зикршудаи мусулмонон метавонанд дар дигар вақти барояшон мусоид рӯза гиранд», — омадааст дар суханронии Президенти Тоҷикистон.

Вобаста ба рӯзагирӣ дар фасли гармо, дар кадом ҳолат раво набудани рӯзагирӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба саломатии инсон  мухбири АМИТ «Ховар»  бо сардори шуъбаи дастуриву методии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фирдавс РАУФОВ    ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфтаи Ф.Рауфов, шахсоне, ки рӯзадоранд ва  фаъолияти онҳо дар зери офтоби тафсон мегузарад,  онҳоро зарур  меояд, ки  ҳангоми аз ҳад зиёд шудани гармии ҳаво худро эҳтиёт намоянд. Бахусус, шахсони гирифтори бемориҳои диққи нафас, бемориҳои ишемиявии дил, бемории диабети қанд худро бояд муҳофизат намоянд. Барои аз гармӣ эҳтиёт намудани организми инсон бояд дар соатҳои муайян, яъне аз соатҳои 11 то 4 аз гаштугузор зери офтоби кушод эмин бошем. Агар сайру гашт намудан зарур бошад, пас бояд аз либоси пахтагини сабукпўши рангаш сафед истифода намоем.

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки   ба занони ҳомила, кӯдаки ширхӯрдошта, мусофирон, беморон ва барҷомондагон дар моҳи шарифи Рамазон аз нигоҳи тиб низ гирифтани рӯза тавсия дода намешавад. Масалан, аз рўи тадқиқоти физиологӣ, 75 фоизи   организми инсонро об ташкил медиҳад. Дар сурати 3-4 фоиз кам шудани он организм ба пастшавии фишори хун ва хушкшавӣ рў ба рӯ мегардад.

Ба гуфтаи мутахассис, меъёри истеъмоли оби нўшокӣ дар як рӯз барои калонсолон аз 1,5 то 3 литр ва кӯдакони аз 2 то 5-сола 1 литрро дар бар мегирад.

Инчунин барои истеъмоли ғизои солим мо бояд ҳамарўза аз меваҳои тару тоза истеъмол намоем. Ҳангоми истеъмоли ғизо бояд ба сифати омодашавии он аҳамияти калон   дод, чунки агар ғизо сари вақт бо қоида омода ва ё нигоҳ дошта нашавад, пас ба ҳар хел бемориҳои сироятии шадиди меъдаву рӯда оварда мерасонад. Ғизои дуруст яке аз шартҳои муҳими гирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мебошад. Давоми моҳи Рамазон риоя кардани шарти асосӣ ҳатмӣ мебошад ва дар ин ҳолат гирифтани рӯза ба шумо ба осонӣ муяссар мегардад. Шарти асосӣ ҳам барои рӯзадорон ва ҳам барои рӯзахӯрон- ин роҳ надодан ба пурхӯрӣ ва аз меъёр зиёд пур накардани меъда мебошад,-изҳор намуд табиб.

Бино ба тавсияи табиб, шахс дар вақти рӯзагирӣ набояд пурхӯрӣ кунад ва шабона хӯрокҳои равғанӣ ва сахт истеъмол намояд, зеро он  ба кори меъда душворӣ оварда, хобро нороҳат месозад.

Вобаста ба ҳамаи ин ҳолатҳо, пеш аз ҳама, тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, бархусус табибони оилавӣ он аст, ки ҳангоми дигаргун шудани вазъи саломатӣ ва бад ҳис кардани худ рӯзадорон бояд ҳатман ба табиби оилавии минтақавии худ муроҷиат намоянд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 8, 2019 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад
Дар беш аз 400 муассисаи тандурустии Тоҷикистон воситаҳо барои пардохти электронӣ насб гардиданд
Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст мегарданд
Ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
Дар назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бинои нави клиника ва дармонгоҳ бунёд мегардад
Соли равон 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир ва навсозӣ мегардад
Кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд
Ба намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуд