«ЧАШМАИ РОҒУН». Таҳти ин ном бори аввал дар саҳнаи театри тоҷик либреттои нав ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 4.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шарфаи оби чашмаю рӯдҳо ва шаршараю дарёҳо, мусиқии рӯҳафзо, ки ҷону танро навозиш мекунанд, — ин ҳама дар либреттои «Чашмаи Роғун» садо медиҳанд. Нахустнамоиши он рӯзҳои наздик дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, либреттои нав бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳия шудааст.
Матни либретто ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ тааллуқ дошта, мусиқии онро оҳангсоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов офаридааст.
Коргардони таҳиягари либретто, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ба мухбири АМИТ «Ховар», иброз намуд, ки мақсад аз таҳияи ин либретто дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба ҳифзи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
«Бояд гуфт, ки ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаи ҷаҳон дар мавриди ҳифзи захираҳои об на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин хатари ба инсоният таҳдидкунанда-камобию беобӣ бошем. Яъне норасоии об, беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокини сайёра аз надоштани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунанда аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату суханрониҳои Сарвари давлат пайваста мавриди таъкид қарор мегиранд»,- баён дошт Адҳам Холиқов.
Мавсуф изҳор дошт, ки об манбаи асосии ҳаёт дар рӯи Замин аст. Ин моеъи бемисл қисми ҳатмии таркиби тамоми зуҳурот ва мавҷудоти олам, аз ҷумла худи инсонро ташкил медиҳад.
«Мо либреттои мазкурро таҳия намуда, зимни он мехоҳем ба мардум ҳушдор диҳем, ки ҳар як қатраи обро поку бегазанд нигоҳ доранд», -гуфт А. Холиқов.
Ба гуфти ӯ, дар таърихи театри тоҷик бори аввал аст, ки ҳунармандон дар саҳна нақши ашёи дар табиат мавҷударо мебозанд ва ин маҳорати хеле баланд талаб мекунад.
«Масалан, як ҳунарманд нақши тундбодро иҷро мекунад, ки ифода кардани он хеле мушкл аст. Ё чинору харсангро ба сухан даровардан кори саҳл нест, вале ҳунамармандони театр кӯшиш доранд, ки аз уҳдаи ин нақшҳо ба хубӣ бароянд. Мо ба онҳо сухан додем, забонашонро кушодем»,- илова намуд коргардони асар.
Ба зикри оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов, ҳар як чашмаи хурд бо мурури замон ба дарё мубадал мегардад, ки инро метавон дар мисоли Роғун дид. Яъне ин иншооти азими аср бо гузашти вақт пурра ба истифода дода шуда, обанбори он ба баҳри азиме табдил хоҳад ёфт.













Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






