Дар Бонки миллӣ ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид, ки дар он доир ба фаъолияти анҷомдодашуда дар самти МҚД/МТ/МПСҚО маълумот манзур гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни суханронии худ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, ки ҳамзамон раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО мебошад, саҳми Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом назаррас арзёбӣ намуд. Инчунин ӯ таҳияи лоиҳаи «Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)» дар доираи Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни кишвар аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявиро натиҷаи фаъолияти пурсамари ин ниҳод маънидод намуд.
Зикр шуд, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкории судманд – тақвияти захираи зеҳнии кормандони мақомоти давлатӣ дар рушди минбаъдаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, то айни замон ҳамчун натиҷаи ҳамкории мутақобилан судманд байни Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ дар шакли муҳокима ва семинар дар мавзӯъҳои марбут ба самти мазкур баргузор гардидаанд.
Инчунин дар ҷаласа муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода оид ба ҷараёни иҷрои «Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)» гузориш дод. Мавсуф аз кормандони Департаменти мониторинги молиявӣ даъват ба амал овард, ки минбаъд дар ин самт фаъолияти пурсамар ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбутаи кишвар метавонанд ҳолатҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризмро ошкор намуда, барои рушди минбаъдаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО такони ҷиддӣ бахшанд.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






