Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 50 000 нафар иштирок намуд

Май 20, 2019 09:47

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли равон  бахшида ба Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт   13-умин  Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.

Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН  хабар медиҳад, дар Дави миллӣ дар пойтахт зиёда  50 000 нафар иштирок намуданд.

Иштирокдорони  чорабинии мазкурро сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода шодбош гуфтанд.

Дар чорабинии мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва дигарон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май, пешорӯи санаи фархундаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар саросари ҷумҳурӣ  баргузор мегардад ва сафи иштирокдорони он  сол то сол меафзояд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки дар баробари Дави миллӣ марафони велосипедронӣ дар як сатҳи баланд ва  хотирмон доир  мегардад.

Ёдрас мешавем, ки кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»      низ     дар ин мусобиқаҳои варзишӣ  фаъолона  иштирок намуданд.

 

 

Май 20, 2019 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд