Дар Дави миллии шаҳри Ҳисор панҷ ҳазор нафар сокинон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май таҷлил мегардад, 19 май дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи дучархаронӣ ва Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳои варзишӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, наврасону ҷавонон, дар маҷмӯъ беш аз панҷ ҳазор нафар сокинони шаҳр иштироки фаъолона намуданд. Дар анҷом ғолибони Дави миллӣ ва дучархаронӣ бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошанд, шурӯъ аз соли 2007, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Ҳисор дар радифи Дави миллӣ соли дуюм аст, ки мусобиқаи дучархаронӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Хотирасон мешавем, ки шоми 23 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи «Ҷавонӣ» -и шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.









ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






