Дар Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ шуданд

Май 14, 2019 16:35

ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Имрӯз вакили мардумӣ, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ветнам Ҷамшед Саидзода бо муовини сардори Комиссия оид ба робитаҳои хориҷии Ҳизби коммунистии  Ветнам   Нгуен  Туан  Фон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки моҳи июли соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардида,  ҳарду мамлакат ҳамкории самараноки байнипарлумониро ба роҳ мондаанд.

«Ҷонибҳо аз ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки миёни ду мамлакат дар самтҳои ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, ҳамкории иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва ғайра созишномаҳо ба имзо расидаанд», — илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба муносибатҳои иқтисодии ду мамлакат такони тоза бахшид. Ҳоло дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам фаъолият намуда истодаанд. Маводи асосии содирот нахи пахтаву абрешим ва маводи воридотию молҳои истеъмолӣ ба ҳисоб мераванд.

Май 14, 2019 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад