Дар Душанбе ҳамоиши роҳбарони ҷавони ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ доир гардид

Май 22, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарону кормандони ҷавони ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни риштаи сайёҳии муассисаҳои олии таълимии кишвар ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ҷамъомадро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ифтитоҳ ва ҳозиринро бо Рӯзи ҷавон табрик намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар эъмори сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои фарҳанг, илм ва техника, маориф, иттилоот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ ибрози андеша намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати ҷавононпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтанд. Дар ин замина, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар меҳвари сиёсати иҳтисодии Ҳукумат қарор доштани ин соҳаи ояндадори кишвар мебошад.

«Дар ҷавоб ба чунин ғамхории сатҳи баланд моро зарур аст, барои ҳамкории судманд бо тамоми қишри ҷомеа аз ҳарвақта бештар заҳмат кашида, баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон саъю талош намоем», — иброз дошт Н. Абдуғаффорзода.

Дар воқеъ, месазад ёдовар шуд, ки аз лаҳзаҳои аввали фаъолияти кориашон Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи мо қувваи бузург ҳисобида, таъкид намуданд, ки «Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кушишу ғайрати ҷавонон вобаста аст».

Тавре маълум аст, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори навтаъсис буда, хушбахтона баъди чор рӯз, яъне санаи 27 май аз таъсиси он ду сол пур мешавад ва имрӯз зиёда аз 80 фисади кормандони соҳаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар рушду нумуи соҳаи сайёҳии мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба захираҳои сайёҳӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ бештар гардид. Дар ин росто дар соли 2018 ва чор моҳи соли 2019, 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд. Айни ҳол зиёда аз 170 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд, ки зиёда аз 70 фисади роҳбарони ширкатҳои мазкур ва зиёда аз 70 фисади кормандони онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Чун мо дар асри техникаву технология умр ба сар мебарем, ба ҷавонони дорои донишу малакаи зарурӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ ниёзи бештар дорем.

Дар ин самт, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони соҳа бо бештар аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ҳамкории зич дошта, давраи таҷрибаомӯзии хешро аксари донишҷӯён дар раёсату бахшҳои Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ гузаронида истодаанд.

Ҳамзамон, бо маҳсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумита шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар курсҳои омӯзишӣ барои донишҷўён фароҳам оварда шуда, ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтару бештар пайдо кардани донишҷўён дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо онҳо ҷалб карда мешаванд.

Дар заминаи сиёсати “дарҳои кушоди”-и Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ба ҷавонон ва мутахассисони соҳа имконият фароҳам оварда шудааст, ки ба кишварҳои аз лиҳози илму техника ва сайёҳӣ пешрафта, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси худ сафарбар карда шаванд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён оид ба саҳми соҳаи сайёҳӣ ва ҷавонон дар пешрафти зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик андешаронӣ намуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ба як қатор роҳбарону кормандони ҷавони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ барои саҳми арзандаашон дар таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат сипоснома тақдим гардид.

Май 22, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид