Дар Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор гардид

Май 3, 2019 13:24

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» доир гардид. Форуми  мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он гӯшаҳои соҳавии ташкилоту коргоҳҳои кишвар, дастовардҳои илмӣ ва техникии насли ҷавон, имкониятҳои хуби муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, намоиши дастовардҳои соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Нахуст иштирокчиёни Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ  аз намоиши мазкур дидан намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки  дар замони муосир, ки аниқшавии нобаробарии кишварҳо зуҳур ва шиддати таҳдиду хатарҳои пайваста таҳти таъсири рӯзафзуни равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, рушди неруи инсонӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манфиатҳои волои миллат ба шумор меравад. Дар ин замина неруи инсонӣ худ маҷмӯи донишу маърифат, маҳорату малакаи инсон буда, барои қонеъгардонии ниёзу эҳтиёҷот хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ба зикри номбурда, садо додани падидаҳои  сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ ва ченаки нишондиҳандаи сармояи рушди инсонӣ дар Паёми Пешвои миллат бесабаб нест. Зеро  инсон  дар ҷомеа нақши арзанда дорад ва қадру манзалаташро  мехоҳад.

«Чуноне ки зимни ироаи Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ иброз намуданд: «Таъмин гардидани пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст ва таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, таъсис ёфтани 150 ҳазор ҷойи кори нав, дар 3 соли охир 25 фоиз кам гардидани шумораи шасоне, ки ба муҳоҷирати   меҳнатӣ мераванд ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз далели он аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ сатҳ ва сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, дарозумрии аҳолӣ то 73,5 сол боло рафтааст. Чунин нишондиҳандаҳо гувоҳи он мебошанд, ки дар сар то сари мамлакат раванди ғамхорӣ дар бораи инсон ҳамчун татбиқи воқеии мақсадҳои олии давлат ва Ҳукумат маҳсуб меёбад. Сармояи инсонӣ бе фароҳам овардани шароити мувофиқ ва заминаи мусоиди сатҳи зиндагӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ ба тақвияти рушди инсонӣ ҳамчун сармояи тиллоӣ  диққати махсус зоҳир карда мешавад»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Форуми мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.

Кори форум давоми рӯз дар самтҳои маориф ва шуғлнокӣ, инноватсия ва технологияҳои нав идома ёфта, дар он мутахассисони соҳибтаҷриба вобаста ба роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ дар мавзӯъҳои муҳим маърӯза мекунанд.

Май 3, 2019 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид