Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Фестивал-озмуни «Маҳорат» баргузор гардид

Май 22, 2019 08:21

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.   Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» маросими ҷоизасупории Фестивал — озмуни эҷодиёти бадеии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Маҳорат» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР хабар медиҳад.

Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Иномзода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, соҳибистеъдодону эҷодкорони ҷавон, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ғолибони озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ, ки таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» доир шуд, иштирок намуданд.

З. Раҳмонзода  иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки маҳз бо шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафт. Номбурда афзуд, ки   аз соли 1997 инҷониб 23 май ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

«Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни мазкур ин амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон, аз ҷумла тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин дастгирӣ аз фаъолияти эҷодиву бадеӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба касбомӯзиву аз бар намудани донишҳои муосир мебошад», — тазаккур дод З. Раҳмонзода.

Мавсуф дар идома афзуд, ки дар доираи Фестивали мазкур Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт як қатор чорабинҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияву озмунҳоро доир намуд.

«Аз ҷумла, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт дар се давр озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷавонони соҳибкасб — сутуни давлат», маҳфили адабии эҷодкорони наврасону ҷавонон зери унвони «Меваҳои Истиқлол», тамошои намоишномаҳои театрии ахлоқию фарҳангӣ, сайри ҷавонон аз Осорхонаю Китобхонаи миллии Тоҷикистон, саёҳати таърихӣ — фарҳангии фаъолҷавонони ҳизбии пойтахт ба шаҳри Турсунзода, аксияҳои тарғиботию ташвиқотии аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат, дидорбинии ҷавонони имконияташон маҳдуд, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд роҳандозӣ гардиданд», — ёдовар шуд ӯ.

Пас аз расми ифтитоҳ иштирокдорону ғолибони Фестивал ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ бо шоҳҷоизаи Фестивал, планшет, ифтихорномаю сипоснома, стипендияи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон бо мақсади дастгирӣ ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 106 нафар хонандагону донишҷӯён ва фаъолҷавонони ҳизбии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон корти нақлиётӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷом барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ хотири ҳозиринро болида гардонд.

Май 22, 2019 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд