Дар Душанбе масъалаи рушди ҳамкории соҳибкории истеҳсолӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе намояндагони тиҷорати хурду миёна масъалаи рушди ҳамкории соҳибкории истеҳсолиро муҳокима намуданд.
15 май дар Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и шаҳри Душанбе як зумра соҳибкорони ватанӣ масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и шаҳри Душанбе хабар доданд.
Директори муассисаи мазкур Ҳокимшоҳ Бобозода зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди мунтазами тиҷорати хурду миёна ва соҳибкории инфиродӣ корҳои зиёд амалӣ карда шуда, дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор низ қабул гардидаанд.
Бояд гуфт, ки яке аз мақсадҳои фонди дастгирии соҳибкорӣ- ин мусоидат ба раванди рушди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди рақобати солим, таҳияи бизнес-нақшаҳо ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани онҳо мебошад.
Зимнан, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди бомароми иқтисоди миллӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат бо мақсади рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар амал татбиқ карда шуданд.
Аз ҷумла, метавон аз он ёдовар шуд, ки моҳи октябри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 зикр намуданд: «Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад».
Зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Инчунин ҳоло дар мамлакат ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ба якчанд нафар соҳибкорони муваффақ, ки бо қарзҳои имтиёзноки «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и шаҳри Душанбе тарҳҳои истеҳсолии худро амалӣ намуданд, барои фаъолияти пурмаҳсул ва истифодаи мақсадноки маблағҳои қарзӣ сипоснома супорида шуд.











Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






