Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 фоизи соли 2015 ба 25,3 фоиз дар соли 2018 ва шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то 110 кишвар зиёд гардида, диверсификатсияи содирот аз 150 то наздики 480 номгӯи молҳо беҳтар карда шуд.
Ин матлаб зимни мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода, сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Мирзоев бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Маркази байналмилалии тиҷорат (МБС) Аранча Гонзалез иброз гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мулоқот 21 майи соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардида, дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода аз ҳамкории судманд бо ҷониби МБС изҳори қаноатмандӣ намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан дар самтҳои иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо муаррифӣ намуд.
Ҷониби МБС низ аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо ва иштироки фаъолона дар фаъолияти СУС изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои зиёд намудани кумаку дастгириҳои ин созмон иброз намуд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






