ФУТБОЛ: ҳамаи дастаҳои мунтахаби то 17-солаи давлатҳои ширкаткунандаи Ҷоми ҷаҳон-2019 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи дастаҳои мунтахаби то 17-солаи давлатҳои ширкаткунанда дар Ҷоми ҷаҳон-2019, ки дар Бразилия барпо мегардад, муайян шуданд. Ин дар ҳоле муайян шуд, ки дар як қатор қитъаҳои сайёра бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2019 ба поён расиданд. Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар Чемпионати Осиё, ки соли гузашта дар Малайзия гузаронида шуд, ҳаққи иштирок дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард. Аз қораи Осиё ҳамчунин давлатҳои Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия ширкат меварзанд.
Баъди ба анҷом расидани бозиҳои интихобӣ дар қитъаи Аврупо, Африка, Америкаи Ҷанубӣ, Америкаи Марказӣ ва Шимолӣ, ки нав ҷамъбаст шуданд, ҳамаи иштирокдорони Ҷоми ҷаҳон муайян гардиданд. Ба ҳамин тартиб аз Африка- Камерун, Нигерия, Ангола, Гвинея, аз Америкаи Марказӣ, Шимолӣ ва ҳавзаи кишварҳои Кариб- Канада, ИМА, Мексика, Гаитӣ, аз Америкаи Ҷанубӣ- Бразилия, Аргентина, Чили, Эквадор, Парагвай, аз Уқёнус- Зеландияи нав, Ҷазираҳои Соломон, аз Аврупо — Франсия, Голландия, Италия, Испания ва Венгрия ширкат меварзанл.
Қуръакашии бозиҳо 22 июн дар маҷмааи Риосентрои Бразилия гузаронида шуда, 24 даста ба шаш гурӯҳи баробар тақсим мешаванд. Ба ҳар гурӯҳ намояндаи як қитъа аз рӯи ҷуғрофия ва як федератсия шомил мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои минбаъда ва чор дастаи беҳтарини ҷойи сеюм аз шаш гурӯҳ роҳхат мегиранд.
Алҳол вақти гузаронидани бозиҳо маълум нашудааст ва Федератсияи футболи байналмилалӣ онро баррасӣ хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори дуввум дар Чемпионати ҷаҳон дар ин синну сол иштирок мекунад ва бори аввал футболбозони тоҷик то ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ расида буданд.
Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббии муваффақи худ Зайниддин Раҳимов омодагиро дар ҳайати дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе ба ин мусобиқаи бузург идома медиҳанд.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






