Футбол: марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18 — 19 майи соли равон марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Пешсафони Чемпионати мамлакат -«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозии охири даври ҳафтум байни ҳам рақобат карданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев ин мавзӯъро шарҳ медиҳад.
Бозии марказии даври охири марҳилаи якум дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –«Хуҷанд» ва «Истиқлол» сурат гирифт. Барои дастаи «Истиқлол» он муваффақона ҷамъбаст гардид ва футболбозони пойтахт бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, бо касби 19 имтиёз марҳилаи авввалро дар ҷои якум ҷамъбаст карданд. Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Асилҷон Бегимқулов (1:0, 32 дақиқа, худгол), Эҳсони Панҷшанбе ( 2:0, 75) ва Аҳтам Назаров (3:0, 79) ба нишон расониданд.
Баъди бохт дар бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба ҳалли масъалаҳои футболи ватанӣ рӯ оварданд. Ҳамзамон дастаи «Хатлон» дар майдонаш бо «Панҷшер» қувва озмуда, бо ҳисбои 2:1 пирӯз гардид. Ҳусейн Нурматов (1:0, 11) ва Нуриддин Ҳамроқулов (2:0) аз «Хатлон» ва Саидҷон Шарифов (2:1, 80-ум аз пеналтӣ) аз дастаи «Панҷшер» тӯбҳоро ба номи худ сабт намуданд.
Дар даври ҳафтум бозии дастаҳои «Истаравшан» ва «Кӯктош» бо натиҷаи мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. «Регар-ТадАЗ» бошад дар сафар КМВА «Помир»-ро маҷбур намуд, ки бо ҳисбои 2:3 мағлуб шавад. Тӯбҳоро Шерзод Маҳмадиев (0:1, 4), Шодибек Ғаффоров (1:1, 9), Шелдори Акбари Ораш (1:2, 13), Шодибек Ғаффоров (2:2, 30) ва Нозим Бобоҷонов (2:3, 61) вориди дарвозаҳо карданд.
Ба ҳамин тартиб чор вохӯрии даври ҳафтумро 20 ҳазору 500 тамошобин дар варзишгоҳҳо тамошо карданд. Бояд зикр кард, ки мухлисони аз ҳама зиёд — 8 ҳазору 500 нафар бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» -ро тамошо карданд. Шумораи умумии голҳо ба 11 адад баробар шуд, ки 5 -тои онро соҳибони майдон ва 7 –тоашро меҳмонон ба самар расониданд. Доварон ба бозингарон 17 корти зардро раво диданд.
Дар маҷмӯъ, барои тамошои бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 119 ҳазору 900 мухлис ба варзишгоҳҳо ташриф оварданд. 146 маротиба дарвозабонҳо тӯбро аз дарвозаашон гирифтанд. Се худгол низ ба қайд гирифта шудааст. Нишонзан Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин бозингари мавсими соли гузашта аз дастаи «Истиқлол» ба шумор меравад, ки ба дарвозаи ҳарифон 5 тӯб задааст.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7.
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3
Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 6 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 9 (1:1). Шелдори Акбари Араш, 13 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 30 (2:2). Нозим Бобоҷонов, 61 (2:3).
Бозингари беҳтарин: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).
18 май. Душанбе. Варизшгоҳи Вазорати Мудофиа. 500 тамошобин.
«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:0
Бозингари беҳтарин: Мӯҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).
18 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.
«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:3
Голҳо: Асилҷон Бегимқулов, 32 – худго (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (0:2). Аҳтам Назаров, 79 (0:3).
Бозинагри беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
19 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солдагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8500 тамошобин.
«Хатлон» – «Панҷшер» – 2:1
Голҳо: Ҳусейн Нурматов, 11 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 21 (2:0). Саидҷон Шарифов, 80 – аз пеналти (2:1).
Бозингари беҳтарин: Эраҷ Раҷабов («Хатлон»).
19 май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.
Нишонзанҳои беҳтарин: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 5, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, (ҳар ду аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ.









Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад






