Гурӯҳи калони фаъолони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон – дар меҳмонии шаҳри Хуҷанд
ХУҶАНД, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду рӯз аст, ки ҳайати эҷодии Ширкати телевизион ва радиои «Айгак» ва гурӯҳи фаъолони шаҳри Шимкент ва вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар меҳмонии шаҳри Хуҷанданд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар бо такя ба маълумоти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дирӯз меҳмононро дар даромадгоҳи шарқии шаҳр- мавзеи гардишгоҳи Ором муовинони раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо маданияти хоси меҳмондории тоҷикона, яъне бо нону асал пешвоз гирифтанд.
Нахуст меҳмонони қазоқистонӣ аз мавзеъҳои таърихии Хуҷанд, чун Қасри фарҳангии Арбоб ва маҷмааи Истиқлолият боздид намуда, сипас ба маҳаллаи Шимкенти Хуҷандшаҳр, ки ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи эҳтиром ба бародаршаҳрии Хуҷанд- шаҳри Шимкент номгузорӣ шудааст, рафта, бо вазъи зиндагии мардуми он шинос шуданд.
Сипас меҳмононро дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳузур пазируфт. Аз ҷумла, дар аснои мулоқот шаҳрдори Хуҷанд аз раванди сатҳи олии муносибатҳои дуҷониба миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро сиёсати дӯстонаву дурбинонаи роҳбарони ду давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ташкил медиҳад, ибрози андеша намуда, доир ба таърихи имрӯзаю гузаштаи шаҳр, рушди соҳаи саноату ҳунармандӣ, ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳамкории дуҷонибаи бародаршаҳрҳо маълумот дод.
Дар навбати худ роҳбари ҳайати меҳмонон, директори генералии ШТР «Айгак», вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Туркистон, роҳбари ҷамъияти қазоқони вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Абиш Дулатбек аз қабули расмии шаҳрдори Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, бо шинос намудани ҳайати меҳмонон зикр дошт, ки бори дуюм аст вориди шаҳри бостонии Хуҷанд мешавад ва имрӯз шаҳрро тамоман дар симои дигар ёфтааст. Шаҳр хеле зебою тоза ва ороста гардидааст.
Мавсуф зикр дошт, ки “соли равон барои шаҳрвандони бародаршаҳри Хуҷанд — Шимкент соли таърихӣ буда, шумораи аҳолии он ба 1 миллион нафар расид. Инчунин дар Шимкент кӯчае ҳаст бо номи Хуҷанд ва мо мефахрем, ки яке аз маҳаллаҳои тозабунёди шаҳри Хуҷанд низ номи Шимкентро гирифтааст”.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро баҳри татбиқи санадҳои муҳими байни Тоҷикистон ва Қазоқистон имзошуда иброз дошта, ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи калони наворбардорони Ширкати телевизион ва радиои «Айгак»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари худ, ки аз 6 то 8 майи соли равон сурат мегирад, инчунин аз мавзеъҳои дигари таърихии бостоншаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, бозори марказии «Панҷшанбе», Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», роҳи танобӣ ва киштии рамзии «Темурмалик» ва чанде дигар иншоот боздид менамоянд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки онҳо дар доираи ин сафар доир ба таъриху фарҳанг, меҳмоннавозии сокинони ин диёри куҳан, пешбурд ва имкониятҳои соҳаҳои иқтисодиву сайёҳии ин минтақаи шимоли Тоҷикистон филми мустанад омода намоянд.











Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






