«ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ. Онҳо ба амнияти давлату ҷомеаи кишварҳо хатар доранд», – чунин ҳушдор медиҳад мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2019 08:47

ДУШАНБЕ, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилот ба бор овардааст, ки сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе дастовардҳои ҷадиди илмиву техникии инсоният имрӯзҳо ба таҳдиду хатар барои суботу амнияти худи инсонҳо ва ҷомеаи онҳо табдил ёфта истодаанд.  

Ҷиноятҳои киберӣ яке аз падидаҳои замони муосир ба шумор рафта, таҳдиди онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, ба амнияти миллии ҳар як кишвар ба назар мерасад. Асосан зери мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешаванд, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд.

Қаллобии молиявӣ, ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи (дуздидани) маълумоти шахсӣ, паҳн кардани маълумоти ғайриқонунӣ ва бардурӯғ, кибертерроризм ва ғайра ба сифати  ҷиноятҳои киберӣ фаҳмида мешаванд, ки мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиро дар пай доранд.

Дар замони муосир ягон кишвар, созмон ва махсусан истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳдиду хатари ҷиноятҳои киберӣ дар канор монда наметавонанд. Имрӯзҳо инкишофи ҷиноятҳои киберӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ зиёдтар ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе кишварҳо 4/10 ҳиссаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет қурбони ҷиноятҳои киберӣ мегарданд. Бинобар ин,  раванди зиёд шудани таҳдидҳои киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии давлати  худ диққати махсус дода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1 амнияти миллии ҳар як кишвар пурра аз амнияти иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои нави ҷиноятҳои киберӣ, кишварҳои пешрафта стратегияи махсус оид ба амнияти кибериро амалӣ менамоянд, ки аз хавфи он ҳимоя шаванд. Аз ҳама кишвари пешсаф Малайзия мебошад, ки 74% метавонад худро аз ҷиноятҳои киберӣ ҳифз намояд. Инчунин Япония- 72%, Индонезия — 70%, ИМА — 60%, Россия -60%, Франсия — 51%, Германия — 45% метавонанд худро аз ҷиноятҳои киберӣ муҳофизат намоянд. Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки ягон давлат наметавонад ба пуррагӣ, яъне 100% худро ҳимоя намояд.

Яке аз навъҳои ҷиноятҳои киберӣ – кибертерроризм мебошад, ки хавфу хатари он хосияти фаромиллӣ дошта, ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба кишварҳо дар алоҳидагӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳадафи кибертерроризм низ чун терроризми анъанавӣ таҳдид ба инсоният ва ноором кардани суботу амният мебошад.

Фарқияти кибертеррористҳо аз террористҳои дигар он аст, ки кибертеррористҳо бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба воситаи интернет ба ҳадафҳои худ ноил мегарданд. Аз ин рӯ, бо раванди рушди технологияи коммуникатсионӣ хатарҳои кибертерроризм низ зиёд шудан мегиранд.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода карда, садҳо сомонаҳои расмиро таъсис додаанд, ки бо даҳҳо ҳазор маводу маълумоти дорои хусусияти ифротию террористӣ дар пайи гумроҳ сохтани афроди ноогоҳ ва ҷалби аъзои нав фаъолият менамоянд.  Онҳо ақидаҳои ифротию зиддиинсонии хешро бо мақсади барангехтани тарсу ваҳм миёни мардум паҳн мекунанд. Ба намоиш гузоштани аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки дар он куштори ваҳшиёнаи одамон ва зинда ба зинда сӯзондани одамон дида мешаванд, мисоли рӯшанест, ки таъсири ниҳоят манфии равонӣ ба аҳолии осоишта мерасонад.

Инчунин тавассути Интернет барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ ва нажодӣ миёни аҳолии ин ё он кишвар ҳадафи асосии кибертеррористон ба шумор меравад. Маҳз тарғибу ташвиқот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аъзои навро аз ҳисоби одамони ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористии худ ҷалб намоянд. Шуморае аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки ба ҳаракату гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайвастаанд, тибқи таҳлилу тадқиқот аксари онҳо тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми фиреб афтидаанд.

Дар мавриди таҳдиду хатарҳои кибертерроризм набояд фаромӯш кард, ки аз имконият ва зарфиятҳои технологияҳои инкишофёфта на танҳо ташкилотҳои террористӣ бар зидди инсонҳо, балки давлатҳои абарқудрат низ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои геополитикӣ бар муқобили кишварҳои дигар аз онҳо истифода мекунанд. Ворид шудан ба системаи компютерии объекти стратегии як кишвар, паҳн кардани вирусҳо, гӯш кардани суҳбати телефонии сарони давлатҳо, вайрон кардани барномаҳои муҳими вазоратҳову корхонаҳои як кишвар тавассути системаи компютерӣ аз ҷумлаи киберҷиноятҳое мебошанд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси як давлат дар муносибат ба давлати дигар амалӣ карда мешаванд.

Бинобар ин, давлатҳо бояд ба таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, то тавассути он тавонанд истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллии худро таъмин намоянд.

Таҷриба нишон додааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии кибертеррористон ба даст овардани маълумоти махфӣ ва дорои хусусияти стратегии мақомоти давлатӣ мебошад. Моҳи майи  соли 2017 вируси харобкунандае бо номи “WannaCry” ба системаи компютерӣ дар саросари ҷаҳон паҳн карда шуд, ки дар натиҷаи он 500 ҳазор компютер бо системаи “Windows” дар 150 кишвари дунё зарар дида, аз кор монданд. Инчунин охирҳои моҳи декабри соли 2018 хакерҳои номаълум санадҳои ҳизбҳо ва маълумоти шахсии садҳо сиёсатмадорони Германияро рахна карда, дар Интернет паҳн намуданд, ки асосан суроғаи ҷойи истиқомат, рақами телефонҳои мобилӣ, почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дохилиҳизбии ин сиёсатмадоронро дар бар мегирифт.

Ин гуна далелҳо хеле зиёданд, ки берун аз муносибати дипломатӣ буда,  бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегиранд.

Аз ин лиҳоз, Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии давлат ҳамкориро чи дар сиғаи бисёрҷониба ва чи дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшад, зеро дар шароити пуртазоди замони муосир ҳеҷ як кишвари дунё дар танҳоӣ амнияти худро таъмин карда наметавонад.

 

Фирӯзи РАМАЗОН,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон

 

Май 14, 2019 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд