Искандар Солеҳзода: «Донишҷӯёнро мебояд эҳтиёткор бошанд, то шомили нерӯҳои мухолиф нагарданд»

Май 20, 2019 15:56

ДУШАНБЕ, 20.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм вохӯрӣ доир намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур хабар доданд, ҳадаф аз баргузории  ҷамъомад, ин пешгирии қонуншиканӣ, шомилшавӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ  дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён, бо илму дониш фаро гирифтан ва   иштироки фаъоли онҳо дар дарсҳо мебошад.

Дар вохӯрӣ  проректори Донишгоҳ оид ба тарбия Турабек Назарзода доир ба вазъи донишандӯзии донишҷӯёни донишгоҳ ибрози назар карда, аз ҷумла зикр намуд, ки ки ҷавонон қувваи бузург  буда,  ҷомеа  дар ҳар давру замон аз онҳо  ояндаи некро умедворанд.   Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои донишҷӯёни ин боргоҳи илм   риояи талаботи Низомномаи донишгоҳ,  аз ҷумла, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, дарс андӯхтан ва эҳтиром гузоштан  нисбат ба омӯзгорону ҳамсабақон,    калонсолон  ва умуман  атрофиён  яке аз талаботҳои асосӣ маҳсуб мешавад.

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода   сабабу омилҳои содиршавии кирдорҳои ҷиноятиро аз ҷониби ҷавонону ноболиғон шарҳ дода,  доир ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд  факту рақамҳои дақиқро пешниҳоди иштирокдорон намуд.

Номбурда зикр кард, ки пайравии бархе  аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав дар ҳоле мебошад, ки ҷаҳонро хатарҳои нав ба нав фаро гирифтааст ва ин тоифа қурбони бозиҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша гардида, ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар мегузоранд.

И. Солеҳзода  доир ба  авзои дохилии кишварҳои ҷангзадаи Сурия, Ироқ ва Афғонистон мисолҳои мушаххас оварда, донишҷӯёнро бори дигар таъкид кард, ки эҳтиёткор бошанд, то шомили нерӯҳои мухолиф нагарданд.

Дар фарҷом миёни масъулин ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Май 20, 2019 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд