Манфиати иқтисодӣ ва иҷтимоии лоиҳаи «Сиёма». Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки пешниҳоди бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.
Лоиҳаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад. Доир ба хусусиятҳои дигари оби «Сиёма» ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма», ки аз ҷониби фармоишгар ҶДММ «Авесто гурӯҳ» ва пудратчӣ ҶДММ «Строй сентр» дар ноҳияи Исмолии Сомонии шаҳри Душанбе бунёд карда мешавад, директори иҷроияи ширкати “Авесто гурӯҳ” Зафар Бурҳонзода дар барномаи “Гуфтугӯ”-и Радиои “Ховар” ба саволҳои муаллифи барнома Хуршеди Ховар посух медиҳад.
Барномаи “Гуфтугӯ” имрӯз, соати 12:30 (аслӣ) ва 19:30, 22:30 (такроран) пахш мешавад.