«МО АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ПЕШНИҲОДҲОИ ҶОЛИБ ГИРИФТЕМ». Хабарнигори АМИТ «Ховар» қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамотҳои махсуси Иттиҳод дар Душанбе бо Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ҳамсуҳбат шуд

Май 21, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2019./АМИТ «Ховар»/.  Пеш аз оғози ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей ЛЕБЕДЕВ  ҳамсуҳбат шуд. С. Лебедев, аз ҷумла,   чунин изҳор дошт:

— Имрӯз Душанбеи меҳмоннавоз  иштирокчиёни ҷаласаи 46-уми Шӯрои мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои ИДМро  пазироӣ менамояд. Ин ҷо роҳбарони  мақомоти амният ва хадамотҳои махсуси  кишварҳои Иттиҳод ҷамъ омадаанд ва мехоҳам бигӯям, ки чунин мулоқотҳо анъанавӣ шудаанд ва ҳар сол ду маротиба доир мегарданд.

Вазъияте, ки дар атрофи ИДМ ва дар дохили кишварҳои мо ба амал омадааст, муҷиби  мулоқот ва робитаҳои пайвастаи роҳбарони хадамотҳои махсус гардид. Аз ин рӯ, мо мебинем, ки ҷаҳони ҷиноӣ, мутаассифона, ташкилотҳои террористии байналмилалӣ муттаҳид шуда истодаанд. Мо мебинем, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сохторҳои террористӣ намояндагони бисёр миллатҳо ҳастанд.  Онҳо дар тарҳҳои ҷиноии худ аз ягон восита ва усул  рӯ намегардонанд.

Биноан, хости худост ва хадамоти махсус муттаҳид мешаванд, дар алоҳидагӣ ҳар кадом аз  кишварҳои мо, ҳатто дар сурати доштани сохтори пуриқтидор, хоҳу нохоҳ наметавонад бар ин гурӯҳҳои ҷиноӣ ғолиб ояд. Мушкилот бисёр аст. Вазъ дар Шарқи Наздик, мутаассифона, ноором аст, вазъи идомаёбанда дар Афғонистон моро ба он водор месозад, ки, якум сарҳадамонро сахт ҳимоят кунем, нагузорем террористону ифротгароён ба қаламрави кишварҳои Иттиҳод ворид шаванд.

Имрӯз, ки роҳбарони хадамоти махсуси Иттиҳод ҷамъ шудаанд, ин  мавзуъ чун мавзуи асосӣ ва доғи рӯз садо хоҳад дод. .  Зимни ҳамаи суханрониҳо  пешниҳодҳое садо меданд, ки  моро  зарур аст кӯшишҳоямонро муттаҳид созем, табодули иттилоот намоем, дар баробари ин амалҳои дастаҷамъона роҳандозӣ намоем, то ки ба ин неруҳои ҷиноӣ муқобилият нишон  дода тавонем. Дар ин самт Маркази зиддитеррористии   ИДМ фаъолона кор мебарад. Мо, ҳамаи иштирокдорони ин ҷаласа, албатта хело хушҳолем, ки моро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуданд. Имрӯз зимни суҳбати ошкоро дар қароргоҳи Президент низ суханони хуб гуфта шуданд, суханҳои воқеиву амалӣ дар он хусус, ки моро зарур аст муттаҳид шавем, то ин ки бо терроризм, ифротгароӣ ва таассуби динӣ муқобилият нишон диҳем.

Мо аз ҷониби  Президенти Тоҷикистон  аввалан баҳои хуб ба  фаъолиятамон, дуюм пешниҳодҳои ҷолиб гирифтем. Мо ба Президенти Тоҷикистон барои дастгирӣ изҳори сипос намудем. На танҳо  барои  ҳамкориҳои якҷоя дар доираи ИДМ, инчунин   ҷиҳати ҳамкориҳои мушаххаси хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳод.

Соли 2018 дар сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон мулоқотҳо, ҷаласаҳо,  ҳамоишҳои зиёде дар доираи Иттиҳод баргузор гардиданд. Охири моҳи сентяб дар Душанбе сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, президентҳои давлатҳои Иттиҳод ҷамъ омада, қарорҳои бисёр муҳимро қабул намуданд.

Тоҷикистон раисии худро ба Туркманистон супорид, вале ман бо қаноатмандӣ мехоҳам бигӯям, ки  ташаббускории худро дар доираи ИДМ кам накард. Тоҷикистон дар ҳамкории муштарак дар доираи Иттиҳод иштирокашро фаъолона идома медиҳад. Дар ин ҷо ҳоло  бисёр  чорабиниҳои  байналмилалӣ доир мегарданд,  чанд рӯз муқаддам  конфронси байналмилалӣ  оид ба  мубориза бо терроризм баргузор гардид, ки сохторҳои ИДМ ва  СММ иштирок намуданд ва ин бисёр муҳим аст. Мо бо Кумитаи зиддитеррористии СММ ҳамкории хуб дорем, мо ҳамкорӣ менамоем ва дар чорабиниҳои СММ иштирок мекунем. Барои чӣ?

Барои он, ки ман аллкай гуфтам, дар танҳоӣ мо наметавонем бо ин неруҳои ҷиноӣ ғолиб оем, танҳо бо ҳам будан лозим.

Ба назари ман,  ҷаласаи имрӯзаи роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсус ба фаъолияти мо набзи тоза мебахшад ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамгироии кишварҳои мо боис мегардад.

Май 21, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст