ҶОМИ КФО: санаи бозиҳои даври панҷум байни дастаҳои «Хуҷанд» бо «Истиқлол» ва «Алтин Асир» бо «Дордой» маълум шуд

Май 21, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои  даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Истиқлол»-Душанбе  дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  19 июни соли равон  баргузор мегардад.

Дар ҳамин рӯз  дастаи футболи  «Дордой»-и Қирғизистон дар меҳмонӣ бо дастаи футболи   «Алтин Асир»-и Туркманистон   байни ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯро  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.   

Бояд зикр кард, ки   дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар Минтақаи марказӣ  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии даври чоруми хешро баргузор намуда буданд.

Рақобати дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и Тоҷикистон  ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон тамом шуд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи  «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд.

Ҳамин тавр, дастаҳои футболи  «Хуҷанд»  ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон   дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёзӣ маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт, дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Д» боқӣ монд. Дар зинаи дуюм дастаи «Алтин Асир» бо доштани 6 хол ҷой гирифтааст. Дастаҳои футболи «Хуҷанд»  ва «Дордой» бо 4- холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи  шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.

Бояд илова намуд, ки   ин вохӯрии ҷолибро  дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар  мухлисони  футболи тоҷик тамошо намуданд.  Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми бозӣ  Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.

Дар  қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум   легионери сербиягии дастаи  футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи  81-уми  бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи  «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи «Дордой»-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев  ба  нишон расонид.

Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум дастаи футболи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе дастаи  «Алтин Асир»-ро қабул менамояд.Дастаи футболи  «Хуҷанд» бошад, дар меҳмонӣ бо тими  «Дордой»  бозӣ хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.

Май 21, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид