Ҷоннисориву матонати падарону бобоён барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ба халқу Ватан аст

Май 9, 2019 11:43

ДУШАНБЕ, 09.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба ғалабаи оламшумули халқи шӯравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941 – 1945 74 сол пур шуд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагиҳо ба ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Рӯзи Ғалаба имсол шукӯҳу шаҳомати хосса дорад.

Баъди 1418 шабу рӯзи маргбор,  9 майи соли 1945 Германияи фашистӣ пурра торумор гардид ва дар болои боми лонаи фашистон – Рейхстаг байрақи ғалаба парафшон шуд. Ин ғалаба на танҳо мардуми Иттиҳоди Шӯравию давлатҳои Аврупо, балки тамоми инсониятро аз зери асорати фашистон наҷот дод ва дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

Аз рӯи маълумоти оморӣ, шумораи қурбониёни ҷанги хонумонсӯзи дуюми ҷаҳонӣ ба 54 миллион нафар мерасад, ки 27 миллион нафараш сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон он вақт ба ҳайати ҳамин иттиҳоди абарқудрат дохил буд ва дар набардҳои зидди фашистон зиёда аз 265 ҳазор нафар тоҷикистониён ҳам мардонавор ҷангидаанд. Аз байни онҳо 54 нафарашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 10 нафарашон соҳиби ҳар се дараҷаи ордени «Шараф», ҳазорон нафари дигар соҳиби ордену нишонҳои ҷангӣ ва Ифтихорномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шудаанд.

Мардуми заҳматқарини диёр дар ақибгоҳ низ ба хотири таъмини ғалаба ва дастгирии ҷанговарон шабу рӯз монда нашуда, заҳмат мекашиданд. Ба фронт озуқаворӣ, сарулибос ва аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаашон яроқу аслиҳа мефиристоданд, дар сохтмони иншооти дорои  хусусияти мудофиавӣ, кӯчонидани мардуми зиндамонда, заводу фабрикаҳо ба ақибгоҳ, барқарор намудани хоҷагии халқ ва инфрасохтори вайрону валангоршуда фаъолона иштирок мекарданд.

Дар баробари ҷанговарони диловару ҷоннисор ҳазорон нафар партизанҳо ҳам барои торумор кардани истилогарони фашистӣ набарди беамон мебурданд. Маҳз ҳамин ҷоннисории ҷанговарону партизанҳо дар хатти пеши фронт, дастгирию кумаки халқи кабир дар ақибгоҳ ғалаба дар ҷанги хонумонсӯзро таъмин намуд.

Давоми панҷ сол падарону бобоёни шуҳратманд дар байни обу оташи ҷанг синнаашонро барои ҳифзи Ватан сипар карданд ва бо ивази ҷони хеш ғалабаро таъмин намуданд. Маҳз ба шарофати ҷоннисорию қаҳрамонии онҳо мо – наслҳои имрӯза зиндагии босаодату бофароғат дорем. Мардуми диёр баъди садсолаҳо ҳам онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Чуноне мегӯянд, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.

Ба гуфти коршиносон, муҳорибаи Сталинградро таърихи дуҳазорсолаи милод ёд надошт. Ва ин гуна муҳорибаҳо дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кам набуданд. Ҳар каф хоку ҳар ваҷаб замини аҷдодӣ бо нархи ҷон харидорӣ мегардид. Таърих ҳамеша сабақомӯз аст, ҳарчанд гоҳе онро нодида мегиранд.

Солҳои охир дар раванди ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо аз ҷониби як зумра кишварҳои абарқудрат кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон, ғасб намудани манбаъҳои бузургу беҳтарини неъматҳои моддӣ, бо роҳи ташкили табаддулот сарнагун намудани қудратҳои ба онҳо маъқулнабуда, дахолат ба кори дигар кишварҳои озоду соҳибихтиёр, аланга додани оташи ҷанг равшан мушоҳида мешавад. Маҳз ҳамин гуна қудратталабию дахолатҳои ноҷо дар вақташ сабабгори сар задани ҷанги дуюми ҷаҳон шуда буд. Илова бар ин, дар олами муосир экстремизму терроризм ба хатари рақами як табдил ёфта, сабаби нооромии авзои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дар тамоми сайёра шудааст. Мутаассифона, миллати сарбаланди тоҷик дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд ва айни замон як гурӯҳ ватанфурӯшону хоинон мехоҳанд боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

Ба гуфти шоир:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Шукронаи тинҷиву ободӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва ҳамдиливу сарҷамъист, ки Ватанамон сол то сол пеш меравад, ободу зеботар мегардад ва дар ин радиф сатҳу сифати зиндагии халқ беҳтар мешавад. Аъзою фаъолон ва алоқамандони ҲХДТ, ки ҳамеша ҷонибдори иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд,  дар раванди бунёдкорию созандагӣ саҳми арзанда гузошта, ҷангҷӯёну низоъбарангезон, хоинону ватанфурӯшон ва душманону бадхоҳони миллатамонро сахт маҳкум менамоянд.

Ҷоннисориву матонати падарону бобоёни бонангу номус, ватандӯсту диловар барои мо, наслҳои имрӯза ҳам мояи ифтихор, ҳам намунаи олии садоқат ба халқу Ватани худ ва ҳам мактаби бузурги ибрат аст.

Дар назди бузургию қаҳрамониҳои онҳо сари таъзим фуруд оварда, бо истифода аз фурсат фаро расидани Рӯзи Ғалаба бар фашизмро ба кулли ҳамватанон, аз ҷумла ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд муборакбод мегӯям. Хоҳони онам, ки ҳамеша тансиҳату хонаобод ва сарбаланду фирӯз бошанд.

 Эҳсонҷон ИСОЕВ,
мудири шуъбаи ташкилии
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Май 9, 2019 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид