РАМАЗОН МУБОРАК! Иқдомҳои савоб ва саховатмандона ривоҷ меёбанд

Май 6, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз аз ҷониби  кормандони  нонпазхонае,  ки  дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе  (маҳаллаи 1-уми Совет)  воқеъ гардидааст,  бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон   амали савоб ба анҷом расид. Онҳо  5 халта  ордро хамир карда, нонҳои  пухтаашонро  ба аҳолӣ   ба таври ройгон  тақсим намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни суҳбат кормандони ин нонпазхона  иброз доштанд, ки онҳо  ин амали хайрро  ба хотири гирифтани савоб  дар  моҳи мубораки Рамазон   ба ҷо овардаанд.  Онҳо   хоҳиш намуданд, ки номашон ифшо нагардад, зеро тавре фармудаанд, «хайрро ончунон бояд кард, ки агар бо дасти рост  диҳӣ, дасти чапат аз он огоҳ нашавад».

Мояи хушҳолист, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон  чунин иқдомҳои хуби рамазонӣ хеле зиёд  ба мушоҳида мерасанд.

Тавре сокини кӯчаи А. Ғуломови  шаҳри Душанбе Абдусалом Набиев  ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин саҳар як  микроавтобуси №15 ба шарафи рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон ба сокинони шаҳр ба таври ройгон хизмат расонида истодааст.

«Ин амал дар ҳақиқат иқдоми наҷиб аст ва аз он дастгирӣ бояд кард»,- гуфт А.Набиев. Мавсуф афзуд, ки гап сари 1 ё 2 сомонии роҳкиро намеравад. Муҳим он аст, ки ба ин васила амалҳои хайру савоб, ки ба мардуми мо аз қадим хосанд, тарғиб мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки чунин амалҳои савоб  дар пойтахт дар моҳи шарифи  Рамазон солҳои пешин ҳам  ба назар мерасиданд.   Ин гуна иқдоми накӯ на танҳо аз ҷониби ронандагони микроавтобусҳо, балки дигар воситаҳои нақлиёти  мусофиркашони пойтахт – автобусҳою  троллейбусҳо низ  ба  мушоҳида мерасид.

Мояи хушҳолист, ки анҷом додани чунин амалҳои савоб  дар ин моҳи муборак дар тамоми  ҷумҳурӣ ба ҳукми  анъана медарояд.

 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Саидшариф Шарифови маркази ноҳия ҷиҳати расонидани кумак ба сокинони ниёзманд се нуқтаи хизматрасонӣ ташкил гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, минбаъд ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз нуқтаҳои хизматрасонӣ маводи ғизоӣ дастрас намоянд. Ба иттилои манбаъ,  иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ва шахсони хайрхоҳ дастгирӣ ёфта истодааст ва дар назар аст, ки дар сатҳи ҷамоатҳо низ чунин нуқтаҳо таъсис дода шаванд.

Ин тадбирҳо бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар ноҳияи Мастчоҳ амалӣ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ташаббуси мазкурро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон муфиду саривақтӣ унвон карда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

Май 6, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид