Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Душанбе мушкилоти соҳаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти мавҷудаи соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба афзоиш ва рушди парвозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ монеа эҷод менамоянд, ҳамчунин масоили марбут ба бехатарии авиатсионӣ ва таъмини сӯзишворӣ дар нахустин нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
Нишасти мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ /ИАТА/ гузаронида шуда, дар ҷараёни он роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) иштирок намуданд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон ду маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт. Густариши ҳамкории байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад. Ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа як зумра мушкилоти соҳаро зикр намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд, аз ҷумла, на танҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодаи ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд.
Инчунин таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодаи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбута ҷалб гардад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумоти мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шаффоф, ҳам нисбат ба интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.
Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамкории самаранок ва мутақобилан муфид бо ҳукуматҳои кишварҳо дар самти стратегияҳои рушди авиатсия ва беҳтарсозии соҳаи авиатсионӣ, ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти мавҷуда барои рушди авиатсия дар минтақа изҳори умедворӣ намуданд.
Дар интиҳо коршиносони Асосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ, ки дар нишаст ба ҳайси нозир иштирок доштанд, омодагии худро барои дастгирии ихтисосӣ баён намуданд. Нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд соле ду маротиба гузаронида шуда, вохӯрии навбатӣ моҳи октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. Дар анҷом роҳбарону намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ /ИАТА/ зимни нишасти хабарӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаи нишасти нахустини роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ посух доданд.










Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






