Рустами Эмомалӣ баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонон қарор ба имзо расонид

Май 8, 2019 08:27

ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин рӯз дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо  дар пойтахт  баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатӣ, конфронсу форум ва дигар мулоқоту суҳбатҳо  бо иштироки наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯз дар маконҳои фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр   баҳри сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт  шароити мусоид фароҳам оварда  мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  нақшаи чорабиниҳои мазкур бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди  фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе  таҳия гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ  23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил  мегардад.

Мавриди зикр аст, ки   Тоҷикистон мамлакати ҷавон ва ҷавонон аст. Имрӯз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавони пуриқтидори дорои зеҳниву ҷисмонӣ  ташкил медиҳанд.

Татбиқи як зумра барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла, стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавонони лаёқатманд, эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон нишони таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба насли ояндасози мамлакат мебошад.

Май 8, 2019 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?
Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад