СТИПЕНДИЯИ «ДӮСТӢ»: 100 нафар донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба гирифтани он шарафёб гардиданд

Май 22, 2019 11:21

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  ҷумҳурӣ  баргузор гардид. Дар он 100 нафар донишҷӯ аз  31 муассисаи таҳсилоти олии касбии  мамлакат соҳиби стипендия гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони ин вазорат,  Вазир Нуриддин Саид, президенти ширкати ҶДММ «Хуаксин-семент» Ли Етсин ва намояндагони ширкати мазкур, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Н. Саид иброз дошт, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи бисёр хуб қарор дорад, ки он дар асоси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат  ва дигар созишномаҳо ба роҳ монда шудааст.

«Дар асоси санадҳои мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешавад. Дар асоси ин бурсияҳо айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин 3594 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», -афзуд Нуриддин Саид.

Ли Етсин  аз ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷўёни аълохон, дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таълимӣ фаъол, ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоати муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст, ки ҳар сол ба маблағи 2 000 сомонӣ ба ҳар як донишҷӯ  туҳфа карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки маротибаи сеюм аст, ки стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди  мазкур  барои донишҷӯёни тоҷик супорида мешавад.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Май 22, 2019 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид