«ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО!». Таҳти ин шиор дар Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардиданд

Май 8, 2019 08:34

ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо!» як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот, футболи хурд ва волейбол байни ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд доир гардиданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни мусобиқа сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода зикр намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ташвиқи бештари тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш пайваста мусобиқаҳои варзишӣ ташкил менамояд ва онҳо дар сатҳи баланд доир карда мешаванд.

Дар ин мусобиқаҳо ҷавонон аз намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойҳои баланд гардиданд. Ғолибони мусобиқаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Ифтихономаву Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки варзиш яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат  маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад. Зеро машғул шудан ба варзиш ҷавононро аз ҳар гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ дур месозад. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур мубориза бо ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва донишомӯзиву хониши намунавӣ мебошад. Тавре шайх Бӯалӣ Сино фармудааст: «Камҳаракатӣ  на танҳо боиси бемориҳо мегардад, балки инсонро ба фикри бад ва роҳи бад мебарад…».

Май 8, 2019 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд