Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон меафзояд
ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози мавсими асосии сайёҳӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи апрели соли равон 110 000 нафар ва дар чор моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 325 000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
«Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди сайёҳӣ ҳамарӯза ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон афзоиш ёфта истодааст. Бахусус, ислоҳоти соҳа, аз ҷумла ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ ва воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ, баланд гардидани имиҷи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари амну осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои баҳра бурдани сайёҳон аз имкониятҳои бузурги сайёҳии Ватани азизамон мусоидат намуда истодаанд», — иброз доштанд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Тӯли чанд моҳи соли 2019 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботию иттилоотӣ баргузор карда шуданд.
Аз ҷумла, иштироки фаъоли намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии “ITB-Berlin-2019”, “MITT-Москва-2019”, “Top-Reca”-и Франсия, Форуми сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, таҳия ва пахши роликҳои тарғиботӣ оид ба меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, “Наврӯзи байналмилалӣ”, “Имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соҳаи сайёҳӣ”, “Раводиди электронӣ” “Бабри барфӣ”, “Марко Поло”, “Сайри гули лола”, “Душанбе — меҳвари робитаҳои сайёҳӣ”, “Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ”, “Таомҳои миллӣ”, мавзеъҳо ва бахшҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, сайёҳии дохилӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ, сайёҳии зимистона ва куҳнавардӣ, бо забонҳои давлатию хориҷӣ ва пахши онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар тавассути портали миллии сайёҳӣ бо 7 забон ва дигар чорабиниҳои муаррификунандаи симои сайёҳии мамлакат ба ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ сабаб гардида истодааст.
Дар баробари ин, ташкили пресс-турҳо барои ҳайатҳои эҷодии телевизиони НТВ, Шабакаи якуми телевизиони Федератсияи Россия ва телевизиони “Хабар” — и Ҷумҳурии Қазоқистон, нашри матлабҳои ҷолиб оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетии агентиҳои иттилоотии “ТАСС”-и Федератсияи Россия, “УзА”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, “Кабар”-и Ҷумҳурии Қирғизистон барои интихоби Тоҷикистон ҳамчун макони сайру саёҳат мусоидат намуда истодаанд.
Мояи хушнудист, ки дар чанд моҳи сипаригаштаи соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали соли 2019 рӯзномаи бонуфузи байналмилалии “Financial Times” Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон дар соли 2019 тавсия медиҳад.
Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии “DestinationRecomended.com” Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё ворид шуда, тибқи раддабандии маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон “Global Finance” Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва оғози мавсими асосии сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, дар моҳи апрели соли равон 110 000 шаҳрвандони хориҷӣ ва дар чор моҳи соли 2019 зиёда аз 325 000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд.









Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд






