Тоҷикистон дар озмуни XVI байналмиллаии «Санъати китоб» дар шаҳри Боку иштирок мекунад

Май 28, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  30 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон XVI озмуни байналмиллаии «Санъати китоб» байни кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни мазкур намояндагони соҳаи табъу нашр аз кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, 30 май дар Китобхонаи миллии Озарбойҷон ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмун доир мегардад. Дар ҷаласаи мазкур директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбон Бӯриев, ки аъзои доварони озмуни мазкур аст, иштирок хоҳад кард.

Ба озмуни мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор адабиёти тозанашр пешниҳод мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун  Соли китоб  эълон гардидааст.

Май 28, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид