Тоҷикистон раёсат дар Форуми ҳамкорӣ оид ба амнияти САҲА-ро ба зимма гирифт
ДУШАНБЕ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани иштироки занон дар равандҳои тасмимгирӣ дар соҳаи амният, бартараф кардани таҳдиди силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва мудирияти захираҳои силоҳи муқаррарӣ (SCA) аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии (ФҲА) САҲА мебошанд. Форуми мазкурро 8 май муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар Вена расман ифтитоҳ бахшид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иттилоъ медиҳад.
Тавре дар хабари интишорнамудаи САҲА омадааст, Саидзода дар ҳузури намояндагони кишварҳои иштирокдори САҲА ва Шарикон оид ба ҳамкорӣ дар Форум сухан ронда, зикр намуд, ки «Тоҷикистон тасмим дорад уҳдадориҳои худро ҳамчун Раис бар асоси принсипҳои муқаррарнамудаи баробарӣ, эҳтироми мутақобила, тавозун ва давомдор софдилона иҷро намояд. Ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон раёсат дар ФҲА-ро бар зимма мегирад».
«Вазифаи асосии мо идома додани корҳои ҷорӣ оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои назорат дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ хоҳад буд», — гуфт ӯ.
Саидзода афзуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун як созмони бонуфузи минтақавӣ, ки метавонад доираи васеи масоили амниятӣ ва ҳамкории дорои иқтидори назаррасро бар нафъи амалҳои самарабахш ҳал намояд, арзёбӣ мекунад.
Ӯ ҳамкории зичи мавҷудаи миёни Тоҷикистон ва САҲА-ро дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки раёсати Тоҷикистон дар ФҲА бар он такя хоҳад кард.
«То имрӯз аз ҷониби САҲА дар Тоҷикистон тақрибан 26 000 адад силоҳи сабуки оташфишон ва зиёда аз 30 тонна боқимондаи лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Дар давраи солҳои 2009-2018 тақрибан се миллион метри мураббаъ заминҳое, ки пур аз минаҳо ва лавозимоти ҷангии нотаркида буданд, тоза карда шуданд», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, муқовимат ба таҳдидҳои силоҳи сабуки оташфишон ва мудирияти захираҳои силоҳи муқаррарӣ дар минтақаи САҲА аз афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон хоҳанд буд.
Дар робита ба афзалиятҳои дигари Тоҷикистон, Саидзода зикр кард, ки таваҷҷуҳи хоси раёсати Тоҷикистон дар ФҲА ба ҷанбаҳои ҳарбӣ-сиёсии амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории САҲА бо созмонҳои минтақавӣ Осиёи Марказӣ равона хохад шуд.
Ба гуфтаи Саидзода, ба ин вазъи амният дар Афғонистон пайвастагӣ дорад, зеро мавҷуд будани теъдоди зиёди лавозимоти ҷангӣ ва силоҳ дар ҳудуди шимолии Афғонистон аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи дарозмуддати сарҳад носубот боқӣ мемонад.
Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон низ оид ба муҳимияти нақши занон дар соҳаи амният, аз ҷумла иштироки онҳо дар раванди тасмимгирӣ мубоҳисаҳо мегузаронад.
Мусоидат ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 Шӯрои амнияти СММ оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, тадбирҳои таҳкими эътимод ва амният дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ, талошҳои минбаъда оид ба ҳамоҳангии мавқеи умумии давлатҳо нисбат ба санади такмилгардидаи Вена самтҳои дигари таваҷҷуҳи раёсати Тоҷикистон хоҳанд буд.
«Тоҷикистон умедвор аст, ки дар муколамаи воқеӣ саҳми худро мегузорад. Шуморо мутмаин месозам, ки Тоҷикистон раёсати худро дар ФҲА бар асоси баробарӣ ва бетарафӣ амалӣ мекунад», — гуфт Саидзода.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






