Варзишгарони навраси тоҷик дар Тошканд сазовори 4 медал гардиданд

Май 8, 2019 14:27

ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавонони  навраси тоҷик дар 7-умин  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри  Тошканди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, сазовори 4 медал, аз ҷумла ду медали тилло шуданд.

Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур  бо иштироки беш аз 400 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2005-2006 аз 4 давлат – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Варзишгарон аз рӯи 12 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар ҳайати 9 варзишгар  дир ин мусобиқаи варзишӣ иштирок карда, ба гирифтани 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф шуд.

Хотиррасон  менамоем, ки медалҳои тиллоро Анвар Ҷӯраев дар вазни 62кг ва Шаҳбоз Давлатов дар вазни +85кг ба даст оварданд. Муҳаммад Тураев дар вазни 68кг медали нуқра, Муҳаммад Яҳёев дар вазни 52кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизаҳои пулӣ низ қадрдонӣ шуданд.

Май 8, 2019 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид