ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 26 ҳазор нафар сокинони шаҳраки Ғончӣ бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сохтмони беш аз 300 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз наздики 100 иншооти мазкур мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои омодагӣ ба истиқболи ин ҷашни таърихии мамлакат бомаром идома доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, чанд рӯз қабл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ аз ноҳияи Деваштич боздид намуда, дар маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Яхтан бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
«Р.Аҳмадзода сараввал бо рафти таъмиру мумфаршкунии роҳи даромадгоҳи ноҳия то шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд шинос гардид. Дарозии ин роҳ 16,4 километр ва паҳноияш 8 — 10 метрро ташкил дода, он аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ хоҳад шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, мумфаршкунии роҳ тибқи нақша идома дошта, то имрӯз наздики 8 км –и он мумфарш карда шудааст», — афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтан ва шаҳраки Ғончӣ таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, сохтмони боғчаи бачагонаву бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурии Нозироти андоз, таваллудхонаи ноҳиявӣ, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич ва хатти оби нӯшокӣ идома дорад.
Ба иттилои маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 аз зумраи иншоотест, ки солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст. Бинои таълимӣ дорои 22 синфхона буда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардидааст. Алҳол навсозии ин муассисаи таълимӣ идома дошта, то имрӯз 60 дарсади корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Бинои нави муассисаи томактабии Ҷамоати деҳоти Яхтан барои қабули 240 нафар хурдсолон пешбинӣ гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот тибқи нақша ҷараён дошта, то имрӯз 75 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст.
«Инчунин маркази нави саломатӣ бо 8 ҳуҷраи корӣ ба истифода дода мешавад. Дар назар аст, ки бо ифтитоҳи марказ вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан беҳтар шуда, то 10 нафар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин шаванд»,- илова намуд манбаъ.
Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич бо 100 кат ва тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ин муассисаи тиббӣ аз 84 ҳуҷра иборат буда, барои 100 кат пешбинӣ шудааст. Бо ба анҷомрасии корҳои сохтмонӣ тамоми утоқҳо бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи лоиҳа сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад ва дар майдони Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бунёди нишастгоҳу фаввораҳо ва гулгаштҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бинои маъмурии Нозироти андози ноҳияи Деваштич аз ҷумлаи дигар иншооти ҷашниест, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта хоҳад шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои кормандони нозирот шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Бинои сохташаванда аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 10 утоқӣ корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Хатти оби нӯшокии шаҳраки Ғончӣ бошад бо фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бунёд мегардад. Дарозии хатти мазкур 7,2 км буда, бо татбиқи пурраи лоиҳа наздик 26 ҳазор нафар бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мегарданд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






