ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар дурдасттарини ҷамоати деҳоти вилояти Суғд – Ворух коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд

Июнь 4, 2019 10:07

ХУҶАНД, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо  ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар  ҷамоати дурдастарини вилоят — ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ( КИ   ҲХДТ) дар вилоти Суғд ба коргоҳи мазкур 12 адад дастгоҳи муосири дӯзандагӣ, ду адад дастгоҳи аверлог ва мизи чокбуррӣ  тақдим карда шуд. Ба шарофати таъсисёбии ин коргоҳи дӯзандагӣ  15 нафар занону духтарони хонашини  деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Чеварони  коргоҳи мазкур  асосан  либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои миллии занона   медӯзанд.

Тавре масъули шуъбаи иттилооти  бахши  вилоятии КИ   ҲХДТ  Бобоҷон Қурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев иттилоъ дод, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд нақша дорад, ин  иқдоми бунёдкоронаро  тақвият бахшида,  рӯзҳои наздик дар яке аз ҷамоатҳои калону сераҳолитарин шаҳри Исфара – ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ боз як коргоҳи дӯзандагиро   мавриди баҳрабардорӣ   қарор диҳад.

Бояд  илова  намуд, ки Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини наздимарзии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд.

Давоми се соли охир  бунёду таъмир ва  навсозии  иншооти таъйиноти гуногун дар ҷамоати мазкур, аз ҷумла  навсозии Қасри фарҳанги ҷамоати Ворух, сохтмони мактаби замонавӣ дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯда барои  720 нафар хонанда, сохтмони толори варзишии  дорои 200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Қалъачаи ин ҷамоат, сохтмони кӯдакистони замонавӣ, коргоҳи банду басти мева,  чароғонкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, бинои нави ҷамоати деҳот ва майдони Парчами давлатӣ бо боғи фароғатии иборат аз гулгашту фаввораҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва чанд иншооти дигари иҷтимоӣ  Ворухро   ба яке аз гӯшаҳои ободи диёрамон табдил хоҳад  дод.

Мавриди зикр аст, ки дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳо соҳибкорону эҳсонкорон, идораву ташкилотҳо ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  азм гирифтаанд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ     саҳмгузор бошанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  то соли 2021 бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 6500 иншоот пешбинӣ гардидааст. Алҳол аз ин  теъдод   беш аз 2400    иншоот  ба истифода дода шудааст.

Июнь 4, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд