Абдулмуъмин Ал-Убайдӣ: «Шабакаи ТВ Ал-Маёдин» Тоҷикистонро ба кишварҳои арабӣ муаррифӣ менамояд»

Июнь 15, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Баргузории Саммити панҷуми сарони давлатҳои аъзои  Машварати  ҳамкорӣ  ва тадбирҳои эътимод дар Осиё,  ки имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт,  барои кишварҳои арабӣ, хусусан Лубнон хеле муҳим аст»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.   Бояд гуфт, ки журналисти шабакаи телевизионии Лубнон -«Ал-Маёдин» Абдулмуъмин АЛ –УБАЙДӢ  ҷиҳати инъкоси ин чорабинии муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ дар радифи дигар намояндагони расонаҳои кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон омадааст.

Ал-Убайдӣ афзуд, ки баргузории Саммити Душанбе дар роҳи халли масъалаҳои муҳиме, ки  кишварҳои қитъаи Осиё, аз ҷумла,  Шарқи наздик рӯ ба рӯ мебошад ва тақвияти эътимоду садоқат дар қораи Осиё нақши муассир  хоҳад гузошт. Зеро садоқату боварӣ  метавонад мушкилоти ҷаҳон, бахусус Осиёро ҳал намуда,  ҳамкории кишварҳоро рушду тақвият бахшад.

Дар мавриди  равобиту ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ, хусусан бо Лубнон рӯзноманигор афзуд, ки: «ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст. Зеро   равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ таърихи беш аз ҳазорсола дошта, онҳоро робитаҳои неки фарҳангӣ  бо ҳам мепайванданд. Ман ба ҳайси рӯзноманигори шабакаи телевизиони «Ал Маёдин»-и Лубнон талош менамоям, ки  тавассутти ин шабака  на танҳо ҷараёни баргузории Саммити Душанбе,  балки  дастовардҳои чашмраси  сарзамини  зебои тоҷиконро,  ки дорои захираҳои бои табиию сайёҳист  ва воқеан ҳам  табиати нодиру  назаррабо дорад,   инъикос намуда,  онро  ба мардуми  кишварам муаррифӣ намоям».

«Бигузор дар Лубнон ва дигар кишварҳои арабӣ мардум  бидонанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил ва дар ҳоли рушд тавонистааст, ки чунин  чорабинии  муҳими байналмилалиро дар сатҳи олӣ   баргузор намояд. Кишварҳои арабӣ ба  Тоҷикистон  самимияти бузург дошта, ҷонибдори ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Сарзамини  Шумо  метавонад ба яке аз муҳимтарин кишварҳои сайёҳии ҷаҳон табдил ёбад. Ман аминам, ки баргузории  ҳамоиши мазкур низ ба  ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад», -афзуд  журналисти лубнонӣ.

Июнь 15, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»