«АКСИ ЗЕБОИ КИШВАРАМ». Ин озмун табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғдро муаррифӣ менамояд

Июнь 20, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 20.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Акси зебои кишварам» — озмунест, ки миёни аксбардорони касбиву ҳаваскори вилояти Суғд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарғибу муаррифии табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии ин вилоят мебошад.

Ба иттилои манбаъ, озмуни  зикршуда дар як давра гузаронида шуда, тибқи  талаботи низомномаи он расмҳо бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳар як расми пешниҳодшаванда бояд дорои ном ва матни кӯтоҳ (шарҳу тавзеҳи расм) бошад.

Ба ғолибони озмун — барои  ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Июнь 20, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд