«ҲАМДИЛИВУ ҲАММАРОМӢ АЗ ВАҲДАТ АСТ». Дар Деваштич маҳфили адибони ваҳдатсаро доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар китобхонаи марказии ноҳияи Деваштич таҳти унвони «Ҳамдиливу ҳаммаромӣ аз Ваҳдат аст» маҳфили адибони ваҳдатсаро бо иштироки адибони вилояти Суғд баргузор гардид. Иштирокдорони маҳфил –адибон зикр намуданд, ки маҳз бо шарофати хирад, зиракии сиёсӣ ва ҷонфидоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар сулҳу субот пойдор гардида, кишвармон вориди марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардид.
Зикр шуд, ки маҳз дар натиҷаи таҳкими сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба сӯи бунёдкорию созандагӣ қадамҳои устувор гузошта, дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои арзанда ноил гардида истодааст. Аз ин рӯ, таъкид шуд, ки ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат ва давлат маҳсуб меёбад. Зеро ҳамдиливу хаммаромии мардум аз сулҳу ваҳдат сарчашма мегирад.
Инчунин адибон аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат карданд, ки тараннумгари меҳри Ватан, Ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ буданд. Дар фарҷоми маҳфил ҳунармандони идораи фарҳанги ноҳияи Деваштич бо барномаи рангини мусиқӣ ба маҳфили ваҳдатсароён ҳусни тоза зам намуданд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






