ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид

Август 22, 2026 10:50

ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувори экологӣ эътироф намудааст, ки ин боиси ифтихори кулли шаҳрвандони ватандӯсту бошарафи Тоҷикистон мебошад.

Ин эътироф натиҷаи як иқдоми ҷудогона набуда, самараи роҳи зиёда аз ду даҳсолаи дипломатияи обии мамлакат аст, ки соли 2003 бо эълони Соли байналмилалии оби тоза оғоз гардид ва соли 2026 бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба марҳалаи сифатан нав ворид шуд.

Муқаддима: эътирофи ҷаҳонӣ

Тавре дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «ин ҷоиза ба эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст».

Нуқтаи назари Пешвои миллат: норасоии об сол аз сол зиёд мешавад

Нуқтаи назари Роҳбари давлат дар ин мавзуъ равшан, пайваста ва илман асоснок мебошад: захираҳои оби ошомиданӣ сол аз сол коҳиш меёбанд ва талабот ба он беист меафзояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилиро масъалаи як кишвар ё як минтақа намедонанд ва дар ҳар суханронияшон на танҳо вазъи Тоҷикистон, балки осебпазирии тамоми ҷомеаи ҷаҳониро таҳлил менамоянд.

Зимни маросими ифтитоҳи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд, ки 26 майи соли 2026 дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки имрӯз миллиардҳо одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд ва қариб 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақалл як моҳ норасоии шадиди обро аз сар мегузаронанд. Тибқи таҳлилҳои пешниҳоднамудаи Сарвари давлат, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз меафзояд ва ин зарурати 50 фоиз бештар истеҳсол намудани маҳсулоти озуқавориро ба миён меорад. Ҳамзамон қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини сайёра метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.

Таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим – хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро боз ҳам шиддат мебахшад. Пешвои миллат ин рақамҳоро на пешгӯии хушку холӣ, балки ҳамчун «ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо» арзёбӣ намуданд.

Ҳамин нигаронии Роҳбари давлатро арзёбии расмии Созмони Милали Муттаҳид низ тасдиқ мекунад. Дар ҳамин конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Сзюнхуа иттилоъ дод, ки ҷаҳон аз ноил гардидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қафо мемонад: 2,2 миллиард нафар то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва 3,5 миллиард нафар ба шароити бехатари беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, ҳол он ки барои ҳалли ин мушкилӣ ҳамасола зиёда аз 130 миллиард доллари ИМА маблағ намерасад. Ба таъкиди ӯ, маблағгузории бештар, бахусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур аст.

Тоҷикистон–сарчашмаи оби Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Тибқи таҳлилҳо ва баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла суханронӣ дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар шаҳри Остона (апрели соли 2026), дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Имконияту шароити хубе, ки аз лиҳози доштани захираҳои оби соф Офаридгор ба мо додааст, манбаи ифтихор, қадршиносӣ ва хушбахтии сокинони мамлакат мебошад.

Ҷумҳурии мо дорои захираҳои бузурги оби тоза аст, ки ба мисли онҳо дар дигар кишварҳо кам дучор мешавем. Имрӯз дар ҳудуди мамлакат 947 дарёи хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 километр мерасад ва аҳолиро бо ин неъмати бебаҳо таъмин менамоянд.

Зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд ва сарчашмаи асосии оби тозаи ошомидании минтақаро ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти мутахассисон, пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳои минтақаро таъмин менамоянд. Маҳз ҳамин воқеият масъулияти таърихии кишвари моро дар назди минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад: ҳар тағйире, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон рух медиҳад, дар тамоми Осиёи Марказӣ инъикос меёбад.

Пиряхҳо: таҳдиде, ки аз кӯҳҳои мо оғоз меёбад

Ба маълумоти дақиқи сарчашмаҳои илмӣ, пиряхҳои рӯи Замин қариб 70 фоизи оби тозаи сайёраро маҳфуз медоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланди Коалитсияи об ва иқлим (3 марти соли 2021, шаҳри Душанбе) аз вазъи босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида, Гренландия ва дигар манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки пешгирӣ накардани раванди босуръати обшавии пиряхҳо метавонад ҷомеаи ҷаҳониро бо оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ созад.

Ҳанӯз 19 сентябри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла калонтарин пиряхи Тоҷикистон – пиряхи Федченко (ки баъдан Ванҷях номида шуд ва айни замон «Пиряхи Тоҷикистон» ном дорад), инчунин пиряхи Зарафшон ва дигар пиряхҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Олой ва Туркистон изҳори нигаронӣ намуда буданд.

Мутаассифона, давоми даҳсолаҳои охир ин ҳушдорҳо ба воқеият табдил ёфтаанд. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус (июни соли 2025) таъкид намуданд, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуда, комилан нобуд гардидаанд. Ин рақамро Сарвари давлат дар суханрониҳои минбаъда, аз ҷумла дар Ҳамоиши экологии Остона такроран ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.

Ҳолати «Пиряхи Тоҷикистон» – бузургтарин пиряхи ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, манзараи умумиро равшан нишон медиҳад: танҳо дар даҳ соли охир ин пирях беш аз як километр кӯтоҳ гардида, сатҳи он зиёда аз 50 метр поён фаромадааст ва раванди таназзули он соле 10–16 метрро ташкил медиҳад. Қариб ҳамаи шохаҳои он аз танаи асосӣ ҷудо шуда, ба пиряхҳои мустақил табдил ёфтаанд.

Зарурати қабули чунин барномаи ҳаётан муҳим барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ногузир буд, зеро бар асари гармшавии иқлим дар даҳсолаҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон ҳудуди сеяки худ, яъне 30 фоизи масоҳаташонро аз даст додаанд.

Тибқи маълумоти пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ, давоми 50–60 соли охир масоҳати якчанд пиряхҳои Тоҷикистон кӯтоҳ гардида, ин раванд имрӯз низ босуръат идома дорад. Аз маълумоти коршиносон бармеояд, ки масоҳати умумии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ 17–18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 60 фоизи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Қисмати асосии пиряхҳои Тоҷикистон дар кӯҳсори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, масоҳати умумии онҳо 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Яъне раванди босуръати обшавии пиряхҳо, агар аз як тараф боиси коҳиш ёфтани захираҳои оби соф гардад, аз тарафи дигар, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида сатҳи Уқёнуси ҷаҳониро баланд бардошта, ба фоҷиаҳо ва ҳодисаҳои ногувори табиӣ оварда мерасонад. Дар ҳолати пешгирӣ накардани ин раванд солҳои оянда барои кишварҳои поёноби минтақа норасоии шадиди об ба миён меояд.

Бо мақсади ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030» қабул гардидааст. Дар асоси маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз беш аз 6 ҳазор пирях дар мамлакат мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои назорат аз ҷараёни ҳаракат ва тағйирёбии онҳо дидбонгоҳҳои ҳавошиносӣ таъсис дода шудаанд. Илова бар ин, дар кишвар Маркази пиряхшиносӣ таъсис дода шудааст, ки омӯзиши мунтазами вазъи пиряхҳо ва таҳияи пешгӯиҳои илмиро ба уҳда дорад.

Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз соли 2025 сар карда, 21 марти ҳар сол ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад.

Аз соли 2003 то соли 2026: хронологияи ташаббусҳои ҷаҳонӣ

Мо медонем, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи камтарин кишварҳоест, ки тавонистааст як мавзуи мубрами глобалиро на танҳо ба меҳвари сиёсати хориҷии худ, балки ба меҳвари таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон табдил диҳад.

Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда мешавад, дар асоси тафаккури дурбинона, нигоҳи нек, таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбии амиқу илмии мушкилоти мавҷуда рӯйи кор меояд. Боиси ифтихор аст, ки аз ҳамин ҷиҳат иқдомҳои Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд ва дар заминаи ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид беш аз 15 қатъномаи махсус қабул намудааст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  силсилаи пайвастаро ташкил медиҳанд: Соли байналмилалии оби тоза, 2003, бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/55/196 эълон гардид; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005–2015» бо қатъномаи A/RES/58/217 пазируфта шуд; Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, бо қатъномаи A/RES/65/154 эълон гардид; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» бо қатъномаи A/RES/71/222 тасдиқ шуд; Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025, бо қатъномаи A/RES/77/158 қабул гардид.

Ҳамзамон «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера», солҳои 2025–2034, «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», соли 2025, «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», соли 2025 ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор», соли 2025 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Маҳз ба хотири наҷоти ҳаёт дар сайёра ташаббуси чоруми Тоҷикистон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» пешниҳод гардида, аз ҷониби зиёда аз 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш соли 2018 ба муносибати қабули қатъномаи мазкур бо камоли самимият дар номаи шодбошиаш ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният табрикоти хешро ба Шумо дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ гардид, изҳор менамоям.

Рӯйдоди мазкур қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои Рушди устувор маҳсуб мешавад.

Мутмаинам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид аз ваколатҳои нави қатъномаи мазкур барои пешбурди фаъолияти муштаракамон дар самти об, аз ҷумла аз тариқи арзёбии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, ки соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд намуд.

Бори дигар барои садоқататон дар пешбарии ин самти муҳим изҳори сипос менамоям.

Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

Дар доираи иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон давоми солҳои 2003–2026 дар шаҳри Душанбе 12 форум, симпозиум ва конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор шуданд, ки дар миқёси ҷаҳонӣ назир надоранд.

Хронологияи ин роҳ гувоҳи бузургтарин дастовардҳост. Нахустин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ҳанӯз соли 1977 дар шаҳри Мар-дел-Платаи Ҷумҳурии Аргентина баргузор гардида буд. Маҳз дар доираи ташаббуси ҷониби Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар таърихи фаъолияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дуюмин Конфронси оби он соли 2023 доир шуд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат конфронси дуюмро, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия баргузор гардид, таърихӣ унвон карда, иброз намуданд, ки «он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум – баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст».

Мутобиқи маводи расмии Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзномаи амали об (Water Action Agenda) яке аз натиҷаҳои асосии Конфронси оби СММ-2023 буда, маҷмуи уҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо ва ҷонибҳои манфиатдорро барои суръат бахшидан ба иҷрои ҳадафҳои марбут ба об фаро мегирад. Дар пайи ҳамин конфронс Стратегияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва беҳдошт қабул гардид ва Фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об таъйин шуд – ду натиҷаи ниҳодие, ки бевосита аз ташаббуси Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Раванди оби Душанбе ба платформаи муҳимми байналмилалӣ табдил ёфтааст. Конфронси сеюми сатҳи баланд дар доираи ин раванд соли 2024 дар Душанбе баргузор шуда, тибқи тавсифи расмии он, ин ҳамоиш аз силсилаи конфронсҳои дусолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал иборат мебошад.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, дар таърихи беш аз 130-солаи омӯзишу пажӯҳиши пиряхҳо танҳо дар доираи иқдоми ҷаҳонии Сарвари давлати тоҷикон – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2025 аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд.

Конфронси чоруми оби Душанбе: 25–28 майи соли 2026

Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки таҳти шиори «Муттаҳидгардонии ҷаҳон барои об» аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, беш аз 2500 нафар иштирок карданд. Мутобиқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни онҳо 1100 нафар намояндагони хориҷӣ аз 110 кишвари ҷаҳон, намояндагони воломақоми 75 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин коршиносони 170 муассисаи академию илмӣ ва ғайриҳукуматӣ буданд, ки нуфузу манзалати ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳониро нишон дод.

Дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотию таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси чоруми оби Душанбе Президенти Тоҷикистон мушкилоти коҳишёбии захираҳои об, афзоиши талаботи истифодаи об, гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳои об, ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетикаю озуқаворӣ ва дигар масоили марбут ба захираҳои обро ҳамаҷониба таҳлил карданд ва талошҳои ҷониби Тоҷикистонро барои дар меҳвари Рӯзномаи ҷаҳонии рушд қарор додани масоили марбут ба об иброз намуданд.

Ҳамзамон Сарвари давлат уҳдадориҳои мушаххаси Тоҷикистонро эълон намуданд: то соли 2030 таъмини татбиқи пурраи мудирияти ҳамгирошудаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ, то соли 2040 таъмини дастрасии ҳадди ақал 90 фоизи аҳолӣ ба оби тоза, расонидани сатҳи рақамикунонии мудирияти захираҳои об то 80 фоиз ва афзоиши беш аз 40-баробарии миқёси технологияҳои сарфакунандаи об. Дар ин самт «Стратегияи миллии об то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029» қабул гардидаанд. Дар сатҳи минтақавӣ бошад, Пешвои миллат такмили сохтори Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва таъсиси Комиссияи байнидавлатии энергетикаро дар доираи он пешниҳод карданд.

Пешниҳоди алоҳидаи Роҳбари давлат таъсиси «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» буд. Ба таъкиди Пешвои миллат, ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷории марбут ба обро таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангиву ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад ва ба муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 табдил ёбад.

Натиҷаҳои конфронс дар се санади калидӣ таҷассум ёфтанд: Эъломияи (Қатъномаи) оби Душанбе-2026, Хулосаи ҳамраисон ва «Саҳми Раванди оби Душанбе ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид». Ҳамчунин дар доираи Форуми «Занон ва об – 2026» Эъломияи Душанбе «Занон ва об» қабул гардида, ба фаъолияти шабакаи шарикии «Занон ва об» оғоз бахшида шуд.

Бояд гуфт, ки конфронсҳои оби Душанбе дар раванди омодагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии марбут ба обу иқлим, аз ҷумла омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ва суръат бахшидан ба иҷрои Ҳадафи шашуми Рушди устувор нақши муҳим мебозанд ва барои татбиқи ҳадафҳои оянда заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мушкилоти марбут ба об аз назария ба амал пайваст, яъне бо ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Президенти Тоҷикистон масоили об ба Рӯзномаи ҷаҳонии амалҳо ворид карда шуд.

Омодагӣ ба конфронси ҷамъбастии соли 2028

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чунин ҳамоишу конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба чорабинии муҳими байналмилалӣ – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии ниҳоии ҳамаҷонибаи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки соли 2028 бо иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба нақша гирифта шудааст, омодагии ҷиддӣ дида истодааст.

Асоси ҳуқуқии ин ҳамоиш дар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 гузошта шудааст ва Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мизбонии ин ҳамоиши глобалӣ дар шаҳри Душанбе истиқбол намудааст. Ин баҳои баландтарини эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мост.

Омодагӣ аз ҳамон рӯзҳои Конфронси чорум оғоз гардид. 27 майи соли 2026 дар доираи он бо ташаббуси муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми «СММ-Об» (UN-Water) ва бо ҳамоҳангсозии Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) нишасти махсуси панелӣ доир гардид, ки ҳамраисии онро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини раиси механизми «СММ-Об» Зиёд Ҳаёт ба уҳда доштанд. Дар маркази муҳокима натиҷаҳои пешакии Даҳсола, арзёбии пешрафт пас аз баррасии миёнамуҳлати соли 2023 ва таҳияи методологияи баррасии ниҳоии соли 2028 қарор дошт.

Дар ин нишаст коршиносони маъруфи ҷаҳонӣ – ҳамоҳангсози Гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва офатҳои табиӣ (HELP) Кэндзо Хироки, намояндаи Шарикии ҷаҳонии об Нчеди Морипе, ҳамоҳангсози шабакаи «German WASH Network» Йоханнес Рюк, президенти Институти захираҳои оби Туркия Лютфи Акҷа, директори ширкати «Agualimpia» Мерседес Кастро ва сармуҳаррири нашрияи «Water Diplomat» Тобиас Шмитс иштирок намуданд. Иштирокчиён якдилона таъкид карданд, ки Душанбе мавқеи худро ҳамчун яке аз минбарҳои муҳимтарини байналмилалӣ барои муҳокимаи дипломатияи об, идоракунии устувори захираҳои об ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии СММ боз ҳам таҳким мебахшад.

Ин раванд дар сатҳи ҷаҳонӣ идома ёфт: 9 июли соли 2026 дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (HLPF-2026) дар шаҳри Ню-Йорк Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо UN DESA ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) чорабинии канорӣ таҳти унвони «Аз Душанбе то HLPF ва Абузабӣ: корбурди равандҳои бисёрҷониба барои суръатбахшии амалҳои марбут ба об» баргузор намуд. Дар он Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Ҳикмат натиҷаҳои Конфронси чоруми Душанбе ва ташаббуси «Чаҳорчӯби обии Душанбе»-ро ҳамчун дурнамои муассири таҳкими ҳамкории байналмилалӣ пас аз соли 2030 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Ҷоиза: таъсис, моҳият ва тафовути он аз ҷоизаҳои дигар

Эълони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки 26 майи соли 2026 зимни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, марҳалаи нави рушди дипломатияи обии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин хабарро Сарвари давлат дар фарҷоми суханронӣ эълон намуданд ва он ба яке аз лаҳзаҳои мондагортарини конфронс табдил ёфт.

Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «ин ҷоиза ба эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст».

Баъдан, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об расман таъсис ёфт. Дар матни Фармон омадааст, ки ҷоиза «бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, ҳамчунин ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва тағйирёбии иқлим» таъсис дода шудааст.

Тибқи Фармон, барои муайян кардани номзадҳо ба ин ҷоиза комиссияи махсус таъсис меёбад, ки ба ҳайати он намояндагони Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UNU-INWEH) низ дохил карда мешаванд. Ҷоиза аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ гардида, маросими супоридани он дар доираи чорабиниҳои байналмилалии соҳаи об, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, доир мегардад. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар муддати ду моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷоизаро таҳия ва тасдиқ намояд.

Маҳз ҳамин ҷузъиёт – дохил гардидани намояндагони як ниҳоди бонуфузи илмии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайати комиссияи ҷоиза аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдоми Роҳбари давлатро на ҳамчун ҷоизаи дохилии як кишвар, балки ҳамчун ниҳоди эътирофи байналмилалӣ пазируфтааст.

Бояд гуфт, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус ба дипломатияи об, ҳамкории байналмилалӣ ва ташаккули сиёсати устувори обӣ аз ҷоизаҳои дигар тафовут дорад. «Ҷоизаи оби Стокголм» (Stockholm Water Prize), ки соли 1991 аз ҷониби Бунёди байналмилалии оби Стокголм (SIWI) ва ҷоизаи «Ли Куан Ю дар соҳаи об» (Lee Kuan Yew Water Prize), ки соли 2008 аз ҷониби Ҳукумати Сингапур ба номи нахуствазири аввали ин кишвар Ли Куан Ю таъсис ёфтаанд, бештар ба илм ва технология таваҷҷуҳ менамоянд, вале ҷоизаи Тоҷикистон ба ҳамгироии илм, сиёсат ва дипломатия нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин вижагӣ метавонад ба ин ҷоиза ҷойгоҳи махсус дар низоми ҷоизаҳои байналмилалии соҳаи об фароҳам орад.

Як нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки дар миқёси байналмилалӣ дар соҳаи об ҷоизаҳое таъсис ёфтаанд, ки танҳо ба як бахши махсуси марбут ба об, аз қабили лоиҳаҳои беҳтарин дар самти тозакунии обҳои партов, пажӯҳишҳо дар минтақаҳои хушк ва бартарии корҳои муҳандисию илмӣ дар соҳаи об супорида мешаванд. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об  фарогири самтҳои хеле фарох ва бисёрҷониба мебошад ва тамоми ҷанбаҳои марбут ба обро – аз ҳамкории байналмилалӣ ва таҳқиқоти бунёдии илмӣ то рушди устувори экологӣ ва пешбурди корҳои амалӣ  ба ҳам меоварад.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлимро фаро гирифта, омилҳои асосии сиёсати экологии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муттаҳид менамояд. Он иқдоми муҳим ва саривақтӣ барои ҳавасмандгардонии олимон, муҳаққиқон, ташкилоти байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва шахсони алоҳидаест, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ саҳм мегузоранд.

Ҳамин тавр, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад бахши махсуси «ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дошта бошад. Ин самт бо ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бораи Соли ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи илмҳои криосфера мувофиқат мекунад. Вазифаи чунин бахш метавонад қадрдонии таҳқиқоти пиряхшиносӣ, мониторинги иқлимӣ, технологияҳои пешгӯии хавфи обхезӣ ва сиёсати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бошад.

Инчунин ҷоиза метавонад ба ташвиқи лоиҳаҳое равона гардад, ки ҳамзамон арзиши иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро ба назар мегиранд. Барои мисол, технологияҳои сарфаи об дар кишоварзӣ, тозакунии обҳои ифлос, истифодаи маълумоти рақамӣ дар идоракунии захираҳои обӣ, мониторинги пиряхҳо ва моделсозии хавфҳои иқлимӣ метавонанд самтҳои афзалиятноки ташвиқотии ҷоиза бошанд.

Ҳадафҳои асосии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро метавон дар ҳафт самт ҷамъбаст намуд:

— эътирофи дастовардҳои олимон, сиёсатмадорон ва дипломатҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим;

— тақвияти «дипломатияи об» ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди рушди устувор;

— ҳавасмандгардонии таҳқиқоти бунёдии илмӣ ва дастгирии робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи об;

— татбиқи технологияҳои муосир ва сабз барои идоракунии захираҳои об;

— муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳори ҳифз ва истифодаи оқилонаи об дар сайёра;

— ҷалби коршиносон, муассисаҳо ва институтҳои байналмилалӣ ба таҳкими фарҳанги истифодаи устувори об ва амнияти обии ҷаҳонӣ;

— таблиғи арзишҳои инсондӯстона ва ҳадафҳои меҳварии сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ.

Маҳз бо мақсади пешбурду тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар аз ҷониби Пешвои миллат ин ҷоизаи бонуфуз таъсис дода шуд.

Баҳогузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иқдоми Президенти Тоҷикистон

Роҳбарони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар соҳаи об баланд арзёбӣ карда, онҳоро қадами муҳим дар ҳалли мушкилоти башарӣ медонанд. Қабули қатъномаҳои марбут ба даҳсолаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо бо раъйи якдилона дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии зиёда аз 190 давлати аъзои ин созмони бонуфузтарини ҷаҳонӣ нишони эҳтирому эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои Рушди устувор» мебошад.

Ин нуқтаи назари башардӯстонаи Роҳбари давлати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст. Тасодуфӣ нест, ки имрӯз расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ Душанберо «маркази ҷаҳонии дипломатияи об» унвон мекунанд. Ҳамчунин моҳи июли соли 2026 дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорк ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, кишвари мо ҳамчун пешоҳанги дипломатияи обии ҷаҳонӣ эътироф карда шуд.

Дар сатҳи илмию коршиносӣ низ иқдоми Роҳбари давлат баҳои баланд гирифт. Мутахассисони соҳа таъкид менамоянд, ки пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон на танҳо саривақтянд, балки барои ояндаи амнияти экологӣ ва рушди устувори инсоният низ аҳаммияти стратегӣ доранд. Иштирокчиёни Конфронси чоруми Душанбе ба хулосае омаданд, ки Тоҷикистон мавқеи пешсафии худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд.

Иқдоми таърихии Пешвои миллат дар хусуси таъсиси ҷоизаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни воломақоми конфронс — намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ бо ҳарорати самимӣ истиқбол гардид. Аз ҷумла, коршиноси шинохтаи покистонӣ Фараз Саид таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об «ташаббуси хеле муҳим ва саривақтӣ» арзёбӣ намуда, онро барои ҳавасмандгардонии ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муассир хонд.

Ташаббуси навбатии Сарвари давлати моро коршиносон идомаи мантиқии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки чунин ташаббусҳо барои дарки арзиши аслии об чун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи боэътимод мегузоранд. Ба назари коршиносон, Тоҷикистон бо таъсиси ин ҷоиза нақши худро ҳамчун миёнарав, ҳамоҳангсоз ва ташаббускори муколамаҳои минтақавӣ тақвият бахшид.

Баҳогузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нуқтаи назари башардӯстонаи Роҳбари давлати мо бо санадҳои мушаххас тасдиқ мегардад. 21 декабри соли 2025 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим гардид, ки эътирофи саҳми арзандаи Сарвари давлат дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ мебошад. 25 майи соли 2026, яъне маҳз дар рӯзи оғози Конфронси чоруми оби Душанбе дар «Қасри миллат» маросими сарфарозгардонии Пешвои миллат бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Ин ду рӯйдод дар фосилаи кӯтоҳ нишон медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолияти Роҳбари давлати моро, пеш аз ҳама, ҳамчун хизмат ба инсоният арзёбӣ менамояд.

Дар сатҳи расмии байналмилалӣ низ ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, муҳити зист ва захираҳои об аз ҷониби шарикони калидӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо пайваста истиқбол мегарданд. Расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ хабари таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обро ба таври васеъ инъикос намуданд.

Ҷанбаи башардӯстонаи иқдом

Имрӯз дар якчанд давлати ҷаҳон, алалхусус кишварҳои қитъаи Африқо аҳолӣ аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Онҳо ҳатто обҳоеро истеъмол менамоянд, ки қобили истифода набуда, манбаи пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мебошанд.

Боиси нигаронист, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола аз истифодаи обҳои нопоку олуда ва бемориҳои сироятии марбут ба об қариб ним миллион нафар ба ҳалокат мерасанд, ки қисмати зиёди онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Ҳисси баланди инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва талош барои рафъи мушкилоти дигарон аз фазилатҳои хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамеша аз ин шахсияти бузург зоҳир мегарданд. Сарвари давлати тоҷикон мехоҳанд фарзандони дигар қавму миллатҳо ва халқиятҳо дар кураи Замин ба мисли фарзандони Тоҷикистон ҳаёти хуррамона ба сар баранд ва ба ғизои солим, бахусус ба оби ошомиданӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Маҳз ҳамин ҷанбаи башардӯстона аст, ки иқдоми Роҳбари давлатро аз доираи манфиатҳои миллӣ фаротар мебарад: ҷоиза на ба як кишвари муайян, балки ба ҳар олим, сиёсатмадор, ниҳод ва ҷомеае нигаронида шудааст, ки дар ҳалли мушкилоти обии сайёра саҳм мегузорад. Ҳамин ҷиҳат буд, ки дар доираи Конфронси чоруми Душанбе Форуми ҷавонон, Форуми занон ва захираҳои обӣ ва Форуми бахши хусусӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба Африқо баргузор гардиданд.

Хушбахтона, мо имрӯз дар кишваре зиндагӣ менамоем, ки дорои захираҳои зиёди обҳои мусаффо, қуллаҳои сарбафалаккашидаву барфпӯш, шаршараю дарёҳои хурӯшон, кӯлҳои ҷаззобу дилрабо ва чашмаҳои нодиру шифобахш мебошад. Бо дарки моҳияти ин масъала, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба он равона гардидааст, ки захираҳои бою фаровони оби тоза ба манфиати давлату миллат ва сокинони кишвар самаранок истифода карда шаванд ва боигариҳои офаридаи табиат на танҳо барои насли имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ оқилона нигоҳ дошта шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир мавқеи хоси обӣ дорад. Мавқеи ҷуғрофии мамлакат, мавҷудияти пиряхҳо, ташаккули қисми муҳими захираҳои обии минтақа ва таҷрибаи дипломатии Тоҷикистон сабаб гардиданд, ки масъалаи об ба яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат табдил ёбад.

Бо назардошти ин, ҷоизаи мазкурро бояд натиҷаи марҳилавии дипломатияи обии Тоҷикистон маънидод кард. Тоҷикистон дар ин раванд аз кишваре, ки масъалаи обро пешниҳод мекунад, ба давлате табдил меёбад, ки барои эътироф, баҳогузорӣ ва роҳнамоии амалҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об низ ниҳод таъсис медиҳад. Аз ин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо иқдоми муваффақ, балки василаи стратегии хеле муассири сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад ҳамчун идомаи мантиқии Раванди оби Душанбе баррасӣ шавад: агар конфронсҳо майдони муколама бошанд, ҷоиза майдони эътироф, ҳавасмандсозӣ ва густариши таҷрибаҳои беҳтарин мегардад. Ин иқдом Тоҷикистонро дар масири ҳалли мушкилоти обӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба бозингари калидие табдил хоҳад дод, ки мушкилоти марбут ба обро чун масъулияти умумибашарӣ арзёбӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, роҳе, ки соли 2003 бо эълони Соли байналмилалии оби тоза оғоз гардида буд, соли 2026 бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба марҳалаи сифатан нав ворид шуд ва соли 2028 дар Душанбе бо ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» идома хоҳад ёфт. Об, ки ҳамеша сарчашмаи ҳаёт буд, бо ташаббуси Пешвои миллат ба сарчашмаи ҳамкорӣ, эътимод ва сулҳ дар ҷаҳон табдил меёбад.

 Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 22, 2026 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ — ДАСТОВАРДИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРДОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид