Ба тарбиятгирандагони мактаб — интернати дурдасти ноҳияи Мурғоб кумаки моддӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 –и деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока, либосворӣ ва таҷҳизоти техникӣ кумак намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Файз Мирасан ректори донишгоҳ Шермамад Ҷонмамадов иттилоъ дод, муассисаи онҳо дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2012 то инҷониб сарпарастии мактаб – интернати мазкурро ба уҳда дошта, ҳамасола ба хонандагони он кумаки моддӣ мерасонад.
«Пешвои миллат ба донишгоҳи мо дастур дод, ки тарбиятгирандагони интернатро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намоем. Баъди супориши Роҳбари давлат донишгоҳ бо ин муассисаи таълимӣ робита барқарор кард ва акнун ҳамасола барои хонандагони он кумаки моддию маънавӣ мерасонад»,- афзуд ректор.
Декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур Азатшо Насриддиншоев, ки ин корвони кумакро ба дасти кӯдакону наврасон расонд, изҳор намуд, ки аз 146 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 –и деҳаи Тохтамиш 20 нафари онҳо дар интернати назди мактабӣ таҳсил мекунанд.
«Мо барои хонандагон 3 компютер, 10 халта орд, маводи хӯрока, аз ҷумла равғану шакар, марҷумаку биринҷ ва ҳамчунин 100 ҷуфт поафзоли варзишӣ тақдим кардем», -илова кард номбурда.
Директори мактаб- интернати зикршуда Рисбой Ҷунуев ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат барои ғамхорию дастгирии оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ятим изҳори сипос намуда, гуфт, ки «мактаби мо дар дурдастарин минтақаи Тоҷикистон ҷойгир аст ва қадам ранҷа намудани ҳар меҳмон моро хушҳол мегардонад. Бачаҳо аз устодони донишгоҳ на танҳо кумаки модӣ мегиранд, балки аз суҳбати онҳо доир ба донишомӯзӣ, аз ҷумла аз худ намудани илмҳои муосиру ҳамқадами замон шудан ва дигар чорабиниҳои маърифатие, ки барои онҳо доир месозанд, ғизои маънавӣ мегиранд. Аз ин рӯ, ҳар сол омадани онҳоро бесаброна интизорӣ мекашанд».
«Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ягона муассисаест, ки вазифа ва рисолати худро содиқона иҷро мекунад ва мактаби моро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд», — изҳори миннатдорӣ кард номбурда.








Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид






