Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласа оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҷараён дорад. Дар оғози ҷаласа, ки дирӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» оғоз гардид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ, дафтари ЮНЕСКО дар Алмато, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Нуриддин Саид таҳияи лоиҳаи Стратегияи зикргардидаро судманд арзёбӣ намуда, аз шарикони рушд барои дастгириҳои пайвастаашон дар густариш ва ривоҷи соҳаи маориф изҳори сипос намуд.
Вазири маориф ва илм ҳамчунин зикр кард, ки «моро мебояд дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021-2030) ба масъалаҳои таъмини пурраи омӯзгорони ихтисосманди фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, равоншиносон барои муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои синфҳои якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сохтмони пурраи муассисаҳои таълимии садамавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, аз акрредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Зикр гардид, ки Ҳукумати малакат ба ҳалли масъалаҳои марбут ба некӯаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, ҳалли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Таъкид гардид, ки барои таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ, пеш аз муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия хеле муҳим аст.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон дар бахшҳои алоҳида маърӯза хоҳанд кард.








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






